Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конференсияи 15-уми ҳисоботиву интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт

Конференсияи 15-уми ҳисоботиву интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт

17-05-2017, 14:43
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
 Конференсияи 15-уми ҳисоботиву интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт
РАШТ. Дар Конференсияи 15-уми ҳисоботиву интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Зоир Ҳабибзода, намояндаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 128 вакили пешбаришуда 125 нафари онҳо ширкат варзиданд.
Раҳматҷон Маҳмадов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба фаъолияти дуюнимсолаи Кумитаи иҷроия ҳисобот дода, аз ҷумла афзуд, ки фаъолияти Кумитаи иҷроия ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҷомеа, робитаи ташкилотҳои ҳизбӣ бо Кумитаи иҷроия, мустаҳкам намудани корҳои дохилиҳизбӣ, ташкили маводҳои тарғиботӣ ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ хуб ба роҳ монда шуда, ин масъалаҳо рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодаанд.
-Масъалаи ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ҳизбӣ ва мутобиқ будани онҳо бо санадҳои меъёрие, ки аз тарафи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ тасдиқ шудаанд, дар рафти шиносоӣ ва санҷиши ташкилотҳои ҳизбӣ дида баромада шуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта масъулин огоҳ карда мешаванд.
Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт дар давраи ҳисоботӣ шумораи аъзои ҲХДТ дар ноҳия 2533 нафар зиёд шуда, ба 5644 нафар расидааст, ки аз ин шумора 1278 нафарашон занон ва 2974 нафарашон ҷавонон мебошанд.
Пас аз баррасии масъалаҳои кори конференсия Зоир Ҳабибзода ва Лоиқзода Қаноатшо Холиқ оид ба фаъолияти минбаъдаи Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар таҳкими мавқеи ҳизб дар ҷомеа суҳбат намуданд. Аз ҷумла зикр шуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзи сиёсӣ масъулияти ҳайатҳои нави кумитаи иҷроия, раёсату комиссияҳо ва гурӯҳҳои таблиғотӣ бояд дучанд гардида, ашхоси ба вазифаҳо навинтихобшуда барои афзун намудани сафҳои ҳизб, ҷалби бештари электорат ва таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб, дастовардҳои ҷумҳурӣ ва амалисозии Барномаи ҲХДТ кӯшиш ба харҷ диҳанд, зеро амалӣ намудани самти фаъолияти минбаъда аз аъзои навинтихобшудаи Кумитаи иҷроия вобастагии калон дорад.
Раиси ноҳия ҳамзамон афзуд, ки мо масъулин ва аъзои ҲХДТ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ватҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардонидани орзуву омоли мардуми сарбаланди кишвар тамоми чораҳоро андешида, фаъолияти хешро баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода равона намуда, нуфузи қавии худро дар ҷомеа боз ҳам таҳким мебахшем.
Дар интиҳои конференсия ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, 5 нафар аъзои фаъоли ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт сарфароз гардонида шуданд.
Чунин конференсияҳо ҳафтаи гузашта дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор низ баргузор шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: