Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Хабар

5-05-2017, 14:47
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
САРБАНД. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи роҳбарияти олии ҳизб чунин Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ санаи 5-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сарбанд бо иштироки 250 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон ва фаъолони ҲХДТ баргузор гардид. Дар кори конференсия Абдураҳим Шоҳиён-мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Аҳмадҷон Ализода-раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Санавбар Самизода - аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раиси шаҳри Сарбанд, Шамсиддин Раҳимов - сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар конференсия ҳисоботи Сайҷаъфар Ватанов- раиси Кумитаи иҷроия ва Додарбек Бӯриев-раиси Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд дар давраи аз соли 2015 то нимаи аввали соли 2017 шунида шуд. Аз маърӯзаи раиси Кумитаи иҷроия бармеояд, ки аъзои ҳизб дар шаҳри Сарбанд ба ҳолати то 1-уми апрели соли ҷорӣ 4155 нафарро ташкил намуда, дар 50 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд.
Сипас музокирачиён оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти ҳизбӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар баромади худ намояндаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ А. Шоҳиён ҷиҳати тавсеаи фаъолияти таблиғотӣ бо роҳу усулҳои муосир, риояи талаботи оинномавӣ ва низомномавӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр кард, ки дар заминаи таҳлилу баррасии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ мо имрӯз бо эътимоди комил гуфта метавонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи демократии кишвар нисбат ба ҳизбҳои дигар бартарияти бештари сиёсиро соҳиб гардида, бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум, саҳми муносиби худро гузошта истодааст..
Ӯ гуфт, ки мақсад аз ҷамъ омадани мо имрӯз на танҳо интихоб ё шунидани ҳисобот, балки таҳлили дастоварду камбудиҳо ҷиҳати муайян намудани самти фаъолияти минбаъдаро дар доираи қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар бар мегирад.
Дар ин робита вай хотиррасон намуд, ки мо дар пешорӯи таҷлили 20-солагии санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қарор дорем. Бояд зикр намуд, ки Санади сулҳ ба таъбири Пешвои миллат аз рӯи аҳамияти ҳаётан муҳим доштанаш дар қатори Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Агар яке барои халқи Тоҷикистон сулҳу салоҳ оварда бошад, дигарӣ соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Бинобар ин ҳамаи чорабиниҳои оммавию сиёсӣ бояд ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат намоянд. Ин масъаларо ҳар як узви ҳизб ва тамоми масъулони ҳизбӣ бояд дар мадди назар гирифта, дигар табақаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои сиёсиро ба ин масъалаи ҳаётӣ сафарбар намоянд, -гуфт ӯ.
Аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд, раиси шаҳри Сарбанд Санавбар Самизода оид ба рафъи камбудиҳо дар фаъолияти дохилиҳизбӣ ва пурзӯр намудани фаъолияти таблиғотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо пешниҳодҳои муфид кард.
Дар охир ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва номзадии Сайҷаъфар Ватанов ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Сарбанд аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ якдилона дастгирӣ шуданд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдори конференсия қабул гардиданд.
Алӣ ҷӮРА,
Ибодуллоҳ ТОҲИР, Нодира МУҲАММАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: