Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷавонону занон ба ҲХДТ таваҷҷуҳи зиёд доранд

Ҷавонону занон ба ҲХДТ таваҷҷуҳи зиёд доранд

21-07-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Ҷавонону занон ба ҲХДТ таваҷҷуҳи зиёд дорандҲафтаи сипаришуда аксар Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, бо баргузории ҷаласаҳои вижа, аз натиҷаи фаъолияти нимсолаашон натиҷагирӣ карданд.

Роғун. Маҷлиси ҷамъбастии шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун, рӯзи 13-уми июли соли равон бо иштироки Зоир Ҳабибзода, мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Махфират Давлатова, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Роғун, аъзои раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроия баргузор гардид.

Нахуст М. Давлатова дар бораи фаъолияти нимсолаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ҳисобот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Роғун фаъолияти кории худро давоми 6 моҳи соли равон дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амру Фармонҳои КИМ ҲХДТ, ба роҳ монда, дар ин давра як қатор корҳои назаррасро ба итмом расонидааст. Бояд зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Роғун баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҳамчун таҷассумгари сиёсати пешгирифтаи Раиси ҲХДТ дар байни сокинон мавқеи худро муайян намудааст.

Зикр гардид, ки айни ҳол, дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Роғун 27 ташкилоти ибтидоӣ, 1 Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар ҶСК «НБО Роғун» ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи умумии аъзои ҳизб 2976 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 846 нафари онҳо дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҶСК «НБО Роғун» шомил буда, дар сохтмони азими аср кору фаъолият намуда истодаанд. Бояд зикр намуд, ки аз шумораи умумии азъзои ҳизб, 685 нафарро занон ва 1004 нафарро ҷавонони аз 18 то 30 сола ташкил медиҳанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муқоиса ба шашмоҳаи аввали соли 2015 шумораи умумии аъзои ҳизб дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун аз 1276 нафар ба 2976 нафар, яъне 1700 нафар зиёд гардидааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми шаҳр сиёсати имрӯзаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Рафти таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таркиби сифатии ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби шахсони соҳибмаълумот, бофарҳангу ватанпараст сол то сол беҳтар мегардад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Роғун дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷиҳати иҷроиши бандҳои протоколи машваратии назди муовини якуми Раиси ҲХДТ низ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Бахусус ҷиҳати ҷалби ҷавонон ва шахсони фаъол ба сафи ҳизб ташкилотҳои ибтидоӣ саҳми бориз доранд.

М. Давлатова инчунин афзуд, ки бо вуҷуди пешравиҳо мутаассифона ҳоло ҳам дар ташкилотҳои ибтидоӣ камбудию норасоиҳо низ дида мешаванд. Аз ҷумла, напардохтани ҳаққи аъзогӣ, сари вақт пешниҳод нагардидани шахсоне, ки аз ҷои корӣ ихтисор ё ба дигар корхона ва ташкилотҳо мегузаранд, ки раисони ташкилоти ибтидоиро зарур меояд, дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ташкилотҳо оиди масъалаҳои дарҷгардида чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар ин ҷаласа З. Ҳабибзода суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро оид ба масъулиятшиносии аъзои ҳизб ва ба хусус аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Роғун ҷалб намуда, иброз дошт, ки боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки имрӯзҳо сафи аъзои ҳизбамон дар ин шаҳр аз ҳисоби занону ҷавонон афзуда истодааст.

Номбурда афзуд, ки ҳар як узви ҳизбро зарур аст, ки дар самти пешбурди корҳои ҳизбӣ фаъолияти густурда дошта бошад. Яъне ҳамаи мо бояд дарк намоем, ки кори ҳизбӣ танҳо бо узви ҳизб будану супоридани аъзоҳаққӣ ба итмом намерасад. Балки ҳамчун масъули ҳизбе, ки имрӯз масъулияти пешбурди ҷомеаро ба зимма дорем ва моро зарур аст, ки ташаббускору пешсаф бошем.

Дар анҷоми маҷлис 9 нафар аъзои фаъоли ҳизбӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Роғун сарфароз гардонида шуданд. Инчунин 5 нафар ҷавононе, ки тоза ба сафи ҲХДТ пайвастанд, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.
ххххх


Нуробод. Махсумҷон Абдуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, зимни баргузории маҷлиси ҷамъбастии нимсола афзуд, ки маҷлиси имрӯзаи кумитаи иҷроия дар шароите баргузор мегардад, ки мардуми шарифи ноҳия дар пешорӯи таҷлили ду ҷашни бузурги таърихӣ-25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Нуробод қарор доранд.

Бино ба қавли номбурда Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии мамлакат чораҳои амалӣ андешида истодааст. Тавре иттилоъ дода шуд, аз моҳи сентябри соли 2015 то моҳи июни соли ҷорӣ шумораи аъзои ҳизб дар ин ноҳия ба маротиб зиёд гардида, имрӯз ин шумора 2282 нафарро ташкил медиҳад, ки дар 39 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Нуробод бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифта, чорабиниҳоеро роҳандозӣ менамояд, ки ба таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносиву ватандустии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.
ххххх


Рашт. Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, ки санаи 15-уми июли соли равон бо иштироки Зумрадбӣ Лоиқова, муовини раиси ноҳия, З. Ҳабибзода, мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Раҳматҷон Маҳмадов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои Кумитаи иҷроия доир шуд.

Р. Маҳмадов дар ҳузури аҳли нишаст доир ба фаъолияти нимсолаи кумитаи иҷроия ҳисобот дода, ҳамзамон афзуд, ки давоми шаш моҳи соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Рашт ҷиҳати иҷрои нақшаи корӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро анҷом додааст ва дар ин давра кор дар ҳама самтҳои зарурӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда буд. Аз ҷумла дар самти ҳуҷҷатгузорӣ Кумитаи иҷроия аз 2511 нафар аъзои ҳизб, ки дар семоҳаи чоруми соли сипаришуда шомил шудаанд. То имрӯз 1822 нафарашро бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ таъмин намуда, боқимонда, ки бо сабабҳои гуногун, яъне бинобар камбудӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бе шаҳодатнома мондаанд. Камбудиҳои ҷойдошта ба ташкилотҳои ҳизбӣ пешниҳод шуда, то моҳи октябри соли равон ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Ӯ мегӯяд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Рашт ҳамаи вазифаҳои навбатиро барои пешрафти кори ҳизбӣ амалӣ намуда, фаъолияти худро ҳамеша ба талаботи рӯз мувофиқ менамояд ва ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мебинад. Инчунин дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсӣ нисбати корҳои ҳизбӣ дар ҳамин давраи кашмокашҳои давлатҳои абарқудрат хеле зиёд шуда, аз мо зиракию ҳушёрии сиёсиро талаб менамояд. Аз ин рӯ истифода аз маводҳои замонавӣ ва муосири алоқа, яъне интернет суръати корро афзуда, ташкилотҳои ҳизбӣ дар ҳаёти виртуалӣ фаъол шуда метавонанд.

Пас аз ҷамъбасти фикру мулоҳизарониҳо З. Ҳабибзода ба сухан баромада оид ба фаъолияти гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суҳбат намуда, зикр кард, ки ин масъалаи муҳим дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ҳизб қарор дорад. Зеро, ки амалӣ гардонидани барномаҳои ҳизбӣ асосан ба воситаи онҳо сурат мегирад ва дар ин ҷода кумитаи иҷроияро зарур аст, ки бобати устувор гардонидани мулоқотҳои вакилон бо интихобкунандагон мусоидат намояд.

Номбурда дар охир аз номи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб як адад компютер (ноутбук) тақдим намуд.
ххххх


Ваҳдат. Ҳамон рӯз маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, ки дар кори он Абдураҳмон Хонзода, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон иштирок доштанд.

Ҷаласаи мазкур бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Руқия Раҳматзода оғоз гардид. Мавсуф ҳамзамон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Ваҳдат ҳисобот дода, фаъолияти ҳизбиёни шаҳрро дар давраи сипаришуда қаноатбахш арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки дар ин нимсола 620 нафар ҷавонон, ки ба сиёсати ҲХДТ содиқ мебошанд, аъзои ҳизб шуданд.

Номбурда инчунин илова намуд, ки ёрӣ ба камбизоатон, эҳтиёҷмандон, маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат ҳадафи асосии Барномаи ҲХДТ мебошад, ки аз дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар арафаи иду ҷашнҳо ба зиёрати эҳтиёҷмандон, маъюбон ва собиқадорон рафта ба онҳо дасти мадад дароз мекунад. Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тасмим гирифтааст, ки дар арафаи соли нави хониши 2016-2017 аксияи «Мактаб - даргоҳи маърифат»-ро баргузор намуда, ба 10 нафар хонандагони ятим ва эҳтиёҷмандони муассисаҳои таълимӣ сару либос ва маводи хониш туҳфа намояд.

Дар ҷамъбаст ба 12 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
ххххх


Зикр кардан ба маврида аст, ки давоми ҳафтаи сипаришуда Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Тавилдара ва Файзобод низ аз фаъолияти нимсолаи худ натиҷагирӣ карданд.

Аз ҳисоботи омории кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои кишвар бармеояд, ки таваҷҷуҳи ҷавонону занон ба ҲХДТ зиёд шуда, сафи аъзои ҳизб бештар аз ҳисоби онҳо афзоиш ёфтааст. Роҳбарони кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки дар оянда низ ҷавонону бонувонро ба бунёдкориву созандагӣ ҷалб намоянд, то ба амалҳои ношоиста, ки равияҳои ифротгаро онҳоро тарғиб менамоянд даст назананд.
Ибодуллоҳи Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: