ВОЛИДОН ВАЗИФАВУ УҲДАДОРИҲОИ ХУДРО БОЯД АНҶОМ ДИҲАНД25-04-2017, 11:47
Хабарро хонданд: 196 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ҳамарўза дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия сӯҳбату вохўриҳо баргузор намудаистодааст. Чанд рўз пештар бо сокинони маҳаллаи Лучоби поён дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 вохўрӣ доир шуд. Дар вохӯрии мазкур Мадаминова Мавзуна -мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино баромад намуда зикр кард, ки парокандашавии оилаҳо ҷомеаро ба ташвишҳои ҷубронопазир рў ба рў созад. Зеро насле, ки дар ин хонадон ба воя мерасад, дур аз таълиму тарбия ва рўзгори солим монда, билохира оянда ҷинояткор ва ё носолим дар ҷомеа қадам мегузорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари он ашхосе, ки имрўз даст ба қонуншиканӣ, ҷинояткорӣ мезананд ва ҳатто онҳое, ки шомилшудаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳастанд, фарзандони оилаҳое мебошанд, ки зиндагии солими худро таъмин карда натавонистаанд. Пас мо бояд диққатамонро дар ин самт равона созем. Илвонова Қурбонгул-вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино доир ба масъалаи дигари рўзнома қайд кард, ки риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан намуда, қайд кард, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам волидон масъулияти худро дарк накардаанд ва ё ин масъулиятро ба зиммаи дигарон мегузоранд. Аммо мову шуморо зарур аст, ки фосилаи беэътиноии мардумро дар нисбати муқаррароти қонуни мазкур аз байн бурда, волидонро водор созем, ки вазифаву уҳдадории худро анҷом диҳанд. Намояндагони Маркази саломатии шаҳрии №10 Сафарова Гулҷаҳон ва Пиров Муҳаммадшо сухан намуда, зикр намуданд, ки бо вуҷуди тадбирҳои зиёди андешидашуда ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳию ташвиқотӣ байни сокинон ҳануз ҳам мехоҳанд бо ҳар восита никоҳи хештабориро ба роҳ монанд ё аз муоинаи тибби пеш аз бастани ақди никоҳ намегузаранд ва дигар масъалаҳое ҳастанд, ки онҳоро мо бояд нодида нагирем ва онҳоро бо назари дурбинона нигарем. Имрўз зарурати он омадааст, ки мо дар ин самт масъулиятнок бошем, то тавонем худро аз ин хатарҳое, ки аз никоҳои хешутаборӣ ба вуҷуд меояд ҳифз намоем ва солимии ҷомеаро таъмин созем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.