Бастани никоҳи хешутаборӣ манъ шуд13-01-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 13-уми январи соли равон, дар нишасти матбуотии вазорат хабар дод, ки муоинаи тиббӣ пеш аз бастани акди никоҳ ҳатмӣ ва никоҳ байни хешу табор манъ карда шуд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, 13-уми январ, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, тарҳи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» муаррифӣ кард, ки он аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Н. Салимзода мегӯяд, қонуни мазкур аз якуми июли соли равон мавриди амал қарор мегирад. Муоинаи ҳатмӣ нисбати як қатор бемориҳо аз ҷумла, бемории ВНМО (СПИД), сил, оташак ва дигар бемориҳо гузаронида мешавад. Агар тарафҳо қабл аз никоҳ аз ташхиси тиббии пешакӣ нагузаранд, дар асоси қонуни амалкунанда ба онҳо бастани ақди никоҳ иҷозат дода намешавад. Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, феълан дар ҷумҳурӣ 25 ҳазору 328 нафар кӯдаки маъюби то 18-сола ба қайд гирифта шудааст ва 30-35 дарсади онҳо кӯдаконе ҳастанд, ки волидонашон хешу табор ҳастанд. ©И.ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.