Ҷавонони саодатманд25-04-2017, 11:21
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба «Соли ҷавонон» ва таҷлили рӯзҳои «Созандагони Ватан» силсилачорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳия чун ҳарвақта баргузор гардида, нерӯи созандаву эҷодии онҳо баҳри ободиву шукуфоии Тоҷикистони азизу маҳбуб равона шуда истодааст. Имрӯз низ дар ҳошияи баргузории мулоқоти Раиси ноҳия бо ҷавонон-донишҷӯёни ноҳияи Деваштич, ки дар муассисаҳои олии касбии вилояти Суғд таҳсил доранд, дар чамоати деҳоти Ғазантарак бо ҷавонон-омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ҳудуди ҷамоати мазкур суҳбати ошкоро ва чорабинии маърифатӣ таҳти унвони «Маърифати фарҳангии ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид. Чорабинии маърифатиро роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Сарвар Саидов оғоз бахшида, зикр намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» барои насли созанда соли имтиҳон ва такомули малакаву дониш буда, моро мебояд, ки ба боварии давлату Ҳукумат сазовор гардем ва идомадиҳандаи корҳои бунёдкоронаву наҷиби насли кабир бошем. Дар идомаи чорабинии маърифатӣ омӯзгорони ҷавони Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳия Таҳмина Мансурова (МТМУ №13), Дилфуза Асатуллоева (МТМУ №38), Маҳина Ҷӯраева ва Озода Холиқназарова (МТМУ №51), Мунира Отаева, Шоира Шукурова ва Гулрухсори Комил (МТМУ №10) ва Гулмира Умарбекова (МТМУ №45) дар мавзӯъҳои гуногуни рӯзмарра маърӯзаҳо намуда, дар васеъ намудани ҷаҳонбиниву маърифати фарҳангиву сиёсии иштирокчиён саҳми босазои худро гузоштанд. Дар хотимаи мулоқоту чорабинии мазкур собиқадорону фаъолони ҷамоат аз маърӯзачиён изҳори қаноатмандӣ намуда, махсусан зикр карданд, ки дар шароити имрӯзаи беҳтарини муҳайёнамудаи давлату Ҳукумат, ки дар партави амалишавии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат татбиқ шуда, баҳри рушди маънавиёту ҷисмонии насли наврас равона аст, ҷавонон бояд бо шукргузорӣ аз амнияту рушди босуботи кишвар беш аз пеш донишандӯзиву таҷрибаомӯзӣ кунанд ва созандагони воқеъии Ватани азизи хеш гарданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.