Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳамоиши ҷавонон

Ҳамоиши ҷавонон

25-04-2017, 11:55
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши ҷавонон
Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бахшида ба «Соли ҷавонон» ва таҷлили Рӯзи «Созандагони Ватан» бо ташаббуси НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия ва дар якҷоягӣ бо дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Яхтан ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ҳамоиши ҷавонони фаъоли ҷамоат баргузор гардид, ки дар он доир ба мавзӯъҳои гуногун муҳокимарониҳо карда шуд.
Дар сароғози чорабинӣ роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ба сухан баромада, дар суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурии маҳбубамон ҷавонони бо нангу номус баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардида буд, саъю талош варзида, ҳамчун идомадиҳандагони корҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи арзишманди худро гузошта истодаанд. Боиси тазаккур аст, ки соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълом доштани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони имрӯза соли густариши кору пайкор ва ташаббусҳо буда, ҷавононро месазад, ки назар ба солҳои қаблӣ беш аз пеш кӯшишу ғайрати худро барои мукаммалгардонии донишу малакаи хеш равона созанд.
Дар рафти ҳамоиш инчунин Абдумуталим Хидиров, Фирӯз Бадалов, Гулсанам Оқбӯтаева ва Умедҷон Шукуров – омӯзгорони ҷавон аз муассисаи таълимии №2, Холида Исмоилова омӯзгор аз МТМУ №3 ва Майрам Нарзуллоева омӯзгори ҷавон аз МТМУ №17 ба сухан баромада, дар маърӯзаҳои худ қайд намуданд, ки насли наврас аз шароитҳои беҳтарини фароҳамовардашуда самаранок истифода бурда, барои сазовор гардидан ба боварии Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат талош варзанд, зеро бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд:
«Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.»
Дар хотимаи ҳамоиши ҷавонони фаъоли ҷамоат раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комрон Исмоилзода ва муовини Раиси Ҷамоати деҳоти Яхтан Абдуманнон Шамсизода баромад намуда, ба намояндагони ҷавонони ҷамоат ва «Созандагони Ватан» барои ташкили чунин ҷамъомади судманд изҳори миннатдориву қаноатмандӣ баён карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: