Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Конфронси ҷавонон дар Деваштич

Конфронси ҷавонон дар Деваштич

14-03-2017, 08:59
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Конфронси ҷавонон дар ДеваштичБахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидани ташаббуси беназиру глобалии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълони солҳои 2018-2028 ҳамчун даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», дар ноҳияи Деваштич дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи маориф ва НТҶҶ «Созандагони Ватан» конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлилу баҳогузории рӯйдодҳои муҳими сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, инчунин воқеъбинона ба самъи қишрҳои мухталифи ҷомеа расонидани арқому аҳдофи онҳо, ҳамзамон тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми босазои Президенти мамлакат дар пойдории сулҳу субот ва густариши робитаҳои байналмилалӣ омӯзгорони ҷавони дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич фаъолиятбаранда бо мақолаҳои худ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Аз ҷумла, Шодиева Шарора – омӯзгори МТМУ №53 дар мавзӯъи «Об сарчашмаи ҳаёт» бахшида ба даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Амонова Парвина – омӯзгори МТМУ №1 доир ба мавзӯъи «Пешвои миллат ва нақши ӯ дар баланд гардидани мақоми ҷаҳонии Тоҷикистон», Ҳоҷиева Рухсора – омӯзгори МТМУ №16 дар мавзӯъи «Ҷавонони даврони соҳибистиқлол ва таъсири ҷаҳонишавӣ» ва Ағолиқова Гулмира – омӯзгори Гимназияи №1 оиди «Нақши Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии Тоҷикистон» баромад намуда, фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои хешро иброз доштанд.
Дар хотимаи конфронси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Комрон Исмоилзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва бозиҳои давлатҳои қудратталаб, ки барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки геополитикии худ аз фурў бурдани давлатҳову миллатҳо даст намекашанду дар ин замина ҳуқуқи инсонро поймол намуда, таъриху маданияти халқияту миллатҳоро ба нобудӣ мебаранд, давлатҳои мустақилро бо роҳу усулҳои пиёдасозии буҳронҳои сунъии иқтисодӣ, инқилобҳои ранга ва сиёсати ҷудоиандозӣ аз харитаи сиёсӣ нест карданӣ ҳастанд, зарурати таърихие ба миён омадааст, ки ҳар як шаҳрванди бо нангу номус масъулияти баландро дар назди наслҳои гузашта, имрўза ва ояндаи худ дарку эҳсос намояд, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеъву нуфузи давлати соҳибистиқлоли худ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, нигоҳ доштани дастовардҳои даврони истиқлолият, дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи роҳбарияти кишвари азизи хеш саъю талош варзад ва дар ин самт мавқеъи мустаҳкам дошта бошад.
Конфронси ҷавонон дар Деваштич

Ҳамзамон, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Бунафша Қутбиддинова зимни баромади хеш аз ҳодисаҳову рӯйдодҳои нангини солҳои наваддуми қарни гузашта, ки ба сари миллати тоҷик бор шуда буданд, ёдоварӣ намуда, аз нақши беҳамтои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории давлати миллии тоҷикон бурҳони қотеъ овард ва аз иштирокчиёни ҷавонон хоҳиш намуд, ки барои пос доштани анъанаву фарҳанги миллии тоҷикона, эҳёи расму оини миллии хеш, барои арҷгузорӣ ва нигоҳ доштани забони давлатии худ ҳамаҷониба кўшиш намояд, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар мавқеъи ҷонибдории сиёсати имрўзаи давлату Ҳукумат, ки шароити арзандаи инкишофро барои сокинон муҳайё намуда истодааст, устувор бошанд.
Конфронсҳои илмӣ-назариявии ҷавонон «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» ҳини идомаёбӣ қарор дошта, дар тамоми Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич баргузор хоҳанд гардид.

Сарвар Саидов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: