Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гусели тантанавии наваскарон дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Деваштич

Гусели тантанавии наваскарон дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Деваштич

6-04-2017, 12:35
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Гусели тантанавии наваскарон дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Деваштич

Дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, ки баҳри иҷроиши Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» фаъолони тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ корҳои тарғиботию ташвиқотиро хуб ба роҳ монда, дар навбати аввал мувофиқи ҷамоатҳои худ наваскаронро бо тантана ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоянд.

Даъвати имсола ба хизмати ҳарбӣ низ дар руҳияи чунин анъана ва бахшида ба «Соли ҷавонон» бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо ҷалби васеъи қишрҳои гуногун дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштич баргузор гардида истодааст. Имрӯз яке аз аввалинҳо шуда, дар Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳия барои ҷавонони бо нангу номуси диёр тантанаи гусел баргузор шуда, наваскарон баҳри адои хизмати Модар-Ватан бо дуои собиқадорону пирони кор азми ҳимояи Тоҷикистони азизро пешаи худ намуданд.

Дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди Ҷамоат, сарбозони хизматро адонамуда, хонандагони мактабҳо, падару модарон ширкат варзида, ҳамагон бо ҳавас ба чунин ҷавонмардон нигариста, шукри онро мекарданд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаву ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат дар «мактаби мардонагӣ» рӯй ба беҳбудӣ ниҳода, сафи ихтиёран ба химат равоншавандагон сол ба сол афзуда истодааст.

Дар маросими гусел Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ба сухан баромада, қайд намуд, ки давлат ва Ҳукумат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода бурда, шароитҳои мусоид фароҳам овардааст ва дар марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлату ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати ҷавонон, ки дар сафҳои Артиши миллӣ хизмат менамоянд, вобаста мебошад.

Инчунин собиқадорону волидони даъватшудагон ба сухан баромада, аз доштани чунин фарзандони содиқ изҳори сарбаландӣ намуданд.

Дар хотима, барои даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд.

Сарвар Саидов – роҳбари
НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: