Чорабинии ҳарбӣ- варзишӣ дар Гимназияи№ 424-02-2017, 11:15
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Дар Гимназияи № 4 шаҳри Хуҷанд мусобиқаи дохилимактабии ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар” бахшида ба ҷашни 24-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои иттифоқи собиқадорону ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд Муқимҷон Қобилов, мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ҳамчунин намояндагони Ҷамъияти Мададгори Мудофиа, идораи маорифи шаҳру вилоят ширкат намуданд. Чорабинӣ бо намоиш- раҳпаймоии сафии хонандагони дар майдони варзишии гимназия ва дар ҷои муайяншуда ҷо ба ҷо шудани онҳо оғоз гардид. Мувофиқи талаботи озмун хонандагон маҳорати худро дар таҳияи газетаи деворӣ, фаъолияти фармондеҳ, сафороӣ, расондани кӯмаки аввали тиббӣ, ҷаҳидан бо арғамчин, ҷаҳидан ба масофа, тирандозӣ, ба қисмҳо ҷудо намудан ва ҷамъ намудани яроқи оташфишон, вазнбардорӣ ва ғайра намоиш доданд. Мувофиқи баҳогузории аъзоёни ҳакамон хонандагони синфи 11 “а” ва “ғ” бо бо нишондиҳандаи аз ҳама беҳтарин соҳиб шудан ба 70 хол ҷойи аввалро ишғол намуданд. Дар қисмати ҷамбасти баъди супоридани мукофоту ҷоизаҳо 33 нафар хонандагони синфи 5 сафи Созмони хонандагон, зинаи Ворисони Сомониён қабул карда шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.