Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Ҳомиёни ҷасури Ватан»

«Ҳомиёни ҷасури Ватан»

23-02-2017, 10:06
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
«Ҳомиёни ҷасури Ватан»Тибқи нақшаи чорабинии якҷояи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шӯъбаи маориф ва комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 12 даста аз рӯйи намудҳои ҳаракатҳои сафӣ ва иҷро кардани амалиётҳои сафгардии даставӣ, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинҷак ба масофа, ба қисмҳои ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои яроқи навъи АК, тирҷойкунӣ ба тирдон, тирпаронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр омодагии ҳарбию варзишии худро намоиш доданд.
Дар натиҷа ҷои якумро дастаи Гимназияи №4, ҷои дуюмро дастаи муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии Ирфон ва ҷои сеюмро дастаи МТМУ № 22 сазовор гардиданд.
Ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: