Ман писари Ватан23-02-2017, 10:19
Хабарро хонданд: 244 нафар
Назарҳо: 0
Дар муассисаҳои таълимии томактабии №№1, 2 ва 3-и ноҳияи Деваштич бо ташаббуси НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни расми беҳтарин таҳти унвони «Ман писари Ватанам» байни кӯдакон баргузор гардид. Ташкилкунандагони чорабинии мазкур умед бар он доранд, ки баҳри таълиму тарбияи насли наврас, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, беҳдошти саломатии кӯдакон, муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои инкишофи ҷисмониву маънавии кӯдакон, ки яке аз сиёсатҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, чорабинии мазкур барои дар руҳияи баланди инсондӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани кӯдакон мусоидат хоҳад намуд. Мураббияҳои кӯдакистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамаи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ бо руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расида, дар оянда баҳри пешрафту тарақиёти кишвари хеш саҳмгузор шаванд.
Дар озмуни расмкашӣ ҳамаи кӯдакон бо иншо намудани рамзҳои давлатӣ, парчаму нишон, манзараҳои зебову гуногун, расмҳои ба Артиши миллӣ ва амсоли онҳо хос аз нигоҳи кӯдакона тасвир карданд. Кӯдакон аз овони хурдсолӣ муҳаббати зиёд нисбат ба Ватан-Модар, муқаддасоти миллӣ пайдо намуда, бо низом нигоҳ доштани меъёри мазкур вазифаи оила, маориф ва ҷомеа мебошад. Мураббияҳо шодиву хурсандии кӯдакону наврасонро дида, беихтиёр шукри музаффариятҳои даврони Истиқлолият, сулҳу суботи комил, шукри хушбахтии кӯдаконро мекунанд. Лоиқ Тӯйчиев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.