Пешвои миллат аз нигоҳи кӯдакон.17-11-2016, 10:17
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Дар боғчаи №1 ноҳияи Деваштич бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни рассомони ҷавон «Пешвои миллат аз нигоҳи кӯдакон» баргузор гардид. Баҳри таълиму тарбияи насли наврас , таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, беҳдошти саломатии кӯдакон, хусусан сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар руҳияи баланди инсондӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани кӯдакон дар баромадҳои хеш зикр менамоянд. Мураббияҳои кӯдакистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамаи тарбиягирандагони кӯдакистон бо руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расиданд, ки дар оянда баҳри пешрафту тарақиёти кишвари хеш саҳмгузор шаванд. Дар озмуни расмкашӣ ҳамаи кӯдакон бо иншо намудани рамзҳои давлатӣ парчаму нишон, манзараҳои зебову гуногунро аз нигоҳи кӯдакона тасвир карданд. Мураббияҳо шодиву хурсандии кӯдакону наврасонро дида, беихтиёр шукри музаффариятҳои даврони Истиқлолият, сулҳу суботи комил, шукри хушбахтии кӯдаконро мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.