Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » БАРОИ ХИФЗИ ВАТАН ОМОДА БОШЕМ

БАРОИ ХИФЗИ ВАТАН ОМОДА БОШЕМ

22-02-2017, 16:16
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
БАРОИ ХИФЗИ ВАТАН ОМОДА БОШЕМ



Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифз ва гиромидошти ҳуввияти миллӣ, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётиву касбии онҳо, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳавсмандгардонии ҷавонони бомаҳорат ба ифтихори 24-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2017 – Соли ҷавонон дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон миёни писарони бошандагони хобгоҳ озмун доир гардид. Муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкада Саиди Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли нишаст расонда, қайд намуд, ки ҷавонон дар баробари таҳсили илм кардан, ҳамзамон бояд маънавану руҳан барои ҳифзи марзу буми кишвар омода бошанд. Ба ин хотир ба варзиш шуғл варзидану аз ӯҳдаи корҳои рӯзгордорӣ баромадан як ҷуъзи инсони комил будани ҷавононро ифода мекунад ва ҳадафи ин озмун ҳам чунин аст. Озмун аз рӯи чор шарт- санҷиши дониши сиёсӣ тариқи саволу ҷавоб, вазнбардорӣ, тоза ва реза кардани сабзӣ, тез ва босифат тоза кардани маҳсулоти лӯбиёдонагӣ, аз қабили нахӯд, мош, лӯбиё, биринҷ ва маҳорати рақс доир гардид. Ғуфронов Рустам, донишҷӯи факултети сохтмон ва нақлиёт аз ӯҳдаи ҳама шартҳои озмун баромада, соҳиби ҷойи аввал гардид. Зинаҳои баъдиро Саидов Саидҷон, донишҷӯи факултети информатика ва энергетика, Муқимов Зарифҷон, донишҷӯи факултети муҳандисӣ-технологӣ ва Толибов Асадҷон, донишҷӯи факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ ба даст оварданд. Ба ғолибон тӯҳфаҳои таъсиснамудаи раёсати донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: