Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДОНИШҶӮИ ДПДТТ ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ МЕНДЕЛЕЕВ

ДОНИШҶӮИ ДПДТТ ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ МЕНДЕЛЕЕВ

21-02-2017, 09:38
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
ДОНИШҶӮИ ДПДТТ ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ МЕНДЕЛЕЕВҲамасола аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратии русиягии фонди институти Аврупоии тадқиқотӣ беҳтарин донишҷӯёни вилоят ба гирифтани мукофоти идрорпулии ба номи Дмитрий Иванович Менделеев сазовор мешаванд.
Дирӯз дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд маросими супоридани идрорпулӣ ба ғолибони навбатӣ доир шуд. Хуршеда Содиқова танзимгари ин ташкилот аз номи ин ҷамъият кулли ҷавононро ба муносибати эълон шудани соли 2017- соли ҷавонон табрик намуда, қайд кард, ки ташкилоти мазкур бо мақсади тақвияти дониши донишҷӯён ва мустаҳкам намудани робитаи ҷавонони кишвар бо Русия ин ҷоизаро ташкил намуда, то имрӯз наздик ба 110 нафар донишҷӯёни фаъол чунин идрорпулиҳоро додааст.
Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронии хеш қайд намуд: «Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст. Бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Дар Барномаи ҲХДТ омадааст: «ҲХДТ минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун ба ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷуҳ карда, барои амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо кӯшиш менамояд ва тавассути намояндагони худ аз тариқи мақоми қонунгузор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия мекунад.
Ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастгирии фаъолияти эҷодии онҳо ва муттаҳид сохтани ҷавонон дар татбиқи барномаҳои инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас меандешад».
Мажейка Кирас Иозович, ноиби президенти байналмилалии авруосиёии Академияи телевизион, радио ва матбуот, Академики академияи илмҳои Русия, мушовири давлатӣ, профессор дар баромади хеш аз робитаи ҳасанаи Русия бо Тоҷикистон сухан гуфт.
Сипас маросими қадршиносии донишҷӯён сурат гирифт. Боиси хушнудист, ки Бобоҷонов Хуршед, донишҷӯи курси 3, факултети сохтмон ва нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои фаъолияти хубаш соҳиби идрорпулии ба номи Менделеев гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: