Мо тарафдори сулҳем14-11-2015, 15:53
Хабарро хонданд: 418 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба роҳандозӣ намудани Аксияи «Сулҳ ба ҳама» бо иштироки 304 нафар донишҷӯёну устодони факултети забонҳо чорабинии ҳизбӣ гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Гулонов Раҳмон баромади худро бо навиштаи Расул Ғамзатов «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд.», ки дар монитор ба ҳозирин пешкаш гардид, оғоз намуда, нукоти зеринро ба гуфтаҳои худ барои диққати хозиринро ба эҳтирому гиромидоштани сулҳ ҷалб кардан, зам намуд: «Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад. Пас мебояд, дар паҳлӯи ин марди бузург, мо низ қитъаи зодгоҳ ва дар умум Ватани худро обод созем». Чорабинӣ бо шиорҳои даъваткунандаи «Зинда бод сулҳу ваҳдат», «Мо тарафдори cулҳем», «Поянда бод сулҳи тоҷикон» ба анҷом расид. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.