Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Донишкадаи молия ва иқтисод26-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷория Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Донишкадаи молия ва иқтисод чорабинии фарҳангию фароғати баргузор гардид.
Хайров Шукрулло-муовини ректори Донишкадаи молия ва иқтисод дар ифтитоҳ ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайримкон аст. Аз ин ҷост, ки ҳукумати кишвар барои рушди ҷавонон пайваста наққшаву тадбирҳои манфиатовар тарҳрезӣ мекунад. Яке аз иқдомоти бузурге, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто амалӣ намудаанд, ин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои давлатӣ, ҳамчунин ҷорӣ кардани квотаи президентӣ барои ҷавонони болаёқат мебошад. Албатта, ин дастгирӣ ҷавононро ҳушдор месозад, ки дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва зиракии сиёсӣ ба камол расида, ҳамеша дар пайи мукаммал сохтани сатҳи дониши хеш бошанд. Баъдан ҷонишини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Азиз Одинаев баромад карда, таҷлили Рӯзи ҷавононро дар арафаи баргузории маъракаи муҳимми сиёсӣ - Раъйпурсии умумихалқӣ фоли нек дониста, ҷавононро ба ташаббускориву созандагӣ даъват намуд ва ба чанде аз устодон-аъзоёни ҲХДТ ва донишҷӯёни фаъол Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-ро супорид. Сипас аз ҷониби донишҷӯдухтарони факултетҳои донишкада озмун таҳти унвони «Гулдухтарони донишкада» доир гардид. Озмун дар чор шарт сурат гирифт, ки аз қироати шеър, тайёр намудани хӯришҳо, ороиши мӯйи сар ва намоиши либосҳои миллӣ иборат буд. Донишҷӯдухтарон ҳунару маҳорати худро ба дараҷаи баланд нишон дода, аз уҳдаи шартҳои гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Мадаминова Мавзуна-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино қайд намуд, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмиллалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар фарҷом ҷавонони Донишкадаро бо Рӯзи ҷавонон табрик ва таҳният намуда, дар симои онҳо ба кулли ҷавонони Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромӣ таманно намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.