Машғулияти омӯзишӣ27-01-2017, 15:15
Хабарро хонданд: 495 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти раисони ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи «Бобоҷон Ғафуров» дар шаҳри Хуҷанд 25-уми январи соли 2017 дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинар машварат бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид. Тибқи барномаи семинар-машварат бо сухани ифтитоҳӣ машваратро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров» Мақсудӣ Анвар Темур ҳусни оғоз бахшида, доир ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар марҳилаи ҳозира ва минбаъда суханронӣ намуд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба самтҳои асосии фаъолияти гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ, коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, фаъолити занону ҷавонон ва оид ба пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ маърӯза намуд. Машғулияти омӯзишӣ бо саволу ҷавоб ба кори худ хотима бахшид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.