Маҷлиси ҷамъбастии кумитаи иҷроия25-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Ин ҷаласа ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2016 бахшида шуда, ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори маҷлис муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов ва муовини раиси ноҳия Сатторзода Хуршед, раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Наимҷони Назаров маҷлисро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Аз рӯи масалаи аввал «Ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров барои нимсолаи якуми соли 2016» раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ маърӯза кард. Баъди ироаи маърӯза дар қисмати музокиравӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии минтақаи ҷамоати деҳоти Исмоил ва беморхонаи №2-и ҷамоати деҳоти Ёва суханронӣ намуданд.
Сипас, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов ба сухан баромада, оид ба натиҷаҳои фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ барои нимсолаи аввал ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2016 ҳарф зада, бо мисолҳои мушшаххас самтҳои асосии корбариро дар ин давра муайян намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба масъалаҳои ташкилии дохили ҳизбӣ ва қабули сифатноки аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳия, интизоми дохилиҳизбӣ, иҷрои қарорҳои Раёсати КИМ ҲХДТ ва конфронси XI ҲХДТ дар вилояти Суғд, оид ба пурзӯр намудани гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ, шӯрои собиқадорон ва баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо сухан кард. Баъдан муовини Раиси ноҳия Сатторзода Хуршед ба сухан баромада, изҳор дошт, ки дастовардҳои ҳизбиёни ноҳия назаррас аст. Аз ҷумла, қайд кард, ки ҳар як узви комиҷроия ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ бояд супориши мушаххаси ҳизбӣ дошта бошанд. Онҳо бояд дарк намоянд, ки кори ҳизбӣ танҳо бо узви ҳизб будану аъзоҳаққӣ супурдан тамом намешавад. Барои пурзӯр намудани кори ҳизбӣ дар байни мардум бояд корҳои тарғиботиро ба таври васеъ истифода барем. Сипас, аз рӯи масъалаи якум қарори маҷлиси кумиҷроия қабул гардид. Ҳамзамон аз рӯи масъалаи дуюм нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҳизбӣ барои нимсолаи дуюм тасдиқ гардид. Дар охир ба ҷавононе, ки бо амри дил ба ҲХДТ аъзо шуда буданд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Бо ҳамин маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷамъбаст гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.