Семинари омӯзишӣ17-10-2015, 11:47
Хабарро хонданд: 366 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати иҷрои дастури дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 18.09.2015, №111 бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, пешбурди корҳои дохилиҳизбӣ ва мутобиқи ҷадвали пешниҳодгардида, рӯзи 16-уми октябри соли 2015 бо иштироки зиёда аз 21 нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва фаъолони ҳизб дар бинои Кумитаи иҷроия машғулияти омӯзишӣ баргузор намуд.
Дар машғулият тарзи ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ, коргузорӣ ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тибқи талаботҳои Оинномаи ҲХДТ, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, талаботи Низомномаҳои ҳизб номгӯи ҳуҷҷатҳои асосии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва тарзи иҷрояшон ҳаматарафа фаҳмонида дода шуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.