Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо фаъолони шаҳр ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав20-01-2017, 10:24
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо донишҷӯён ва устодони ин даргоҳи маърифат вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ таҳти роҳбарии муовини Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А. Наҷбиддинов, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, профессор Ҳасани Муродиён ҷиҳати маънидодкунии муҳтавои нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯрӣҳо ва таъсиси чунин гурӯҳҳои корӣ пеш аз ҳама ба сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлон фаҳмонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат ва вазифаҳоест, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, масъулин оид ба шарҳу тавзеҳи муҳимтарин нуктаҳои Паёми имсола мавриди маънидокунӣ қарор гирифта, бо нишон додани мисолҳои мушаххас онҳо тафсир карда шуданд. Дар фароварди ҷамъомад узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и шаҳр, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло, аъзои гурӯҳро бовар кунонданд, ки ҳамаи сокинони шаҳр ҷихати амалӣ намудани ҳадафу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чун ҳарвақта кӯшишу ғайрат хоҳанд намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.