Истиқболи хуш дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав16-09-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 626 нафар
Назарҳо: 0
![]() Чорабинии мазкурро М.Шодиён кушода, суханро ба вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 А.Тағоймурод доданд. Номбурда дар суханронии худ ҳозиринро аз фаъолияти худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар шаш моҳ шинос намуда, дар идомаи суханронӣ мухтасар дар бораи бурду бохти соҳаи маориф, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ба камол расонидани ҷавонони лаёқатманд, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ва иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия истода гузаштанд. Баъд аз он профессор Х.Абдулназаров, дотсент Ҷ.Собиров ба сухан баромада, аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, аз номи устодон ва донишҷӯён миннатдории худро ба роҳбари давлат иброз намуданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.