DataLife Engine > Фарханг > Тағоймуроди Орифӣ

Тағоймуроди Орифӣ


4-01-2017, 15:05. Разместил: orifi
Тағоймуроди Орифӣ

Дар сояҳои кӯчаи ишқ

Туро дигар намехоҳам,
Туро, ки мояи озори ман будӣ,
Туро, ки дарди зӯри ин дили афгори ман будӣ,
Гаҳе ту хори ман будӣ ,
Ба сар тумори ман будӣ.

Туро дигар намехоҳам
Туро, ки дидаат бо дидаам завлона мекардӣ,
Маро девона мекардӣ,
Ва гах афсона мекардӣ,
Чӣ зебо хандаи мастона мекардӣ…

Вале ҳайфо,
Ки рафтӣ боз чашмам роҳ мепояд,
Ғами деринаам аз нав, ба калбам боз меояд?
Барои захмаи қалбам дигар малҳам мебояд,
Сад афсус к-ӯ дигар бар чашми зори ман наменмояд.

Вале ҳайфо,
Кунун дар сояҳои кӯчаи ишқ ёр меҷӯям,
Ба оби ашки шӯрам дидаҳои хеш мешӯям,
Гули дигар намебӯям,
Чу афсунгаштаи саҳро ҳазорон ҳарза мегӯям.

Дарего, кӣ…
Раҳи умеди манро боз барбастӣ,
Дили ранчуру пурдардам, ту аз нав боз бишкастӣ,
Магар мастӣ ва ё пастӣ?
Кӣ кардӣ хору зоррам, эй ту «албастӣ».



Ҳама рафтанд

Замоне ҳар ду бо ҳам хандаи мастона мекардем,
Диле девона мекардем, лабон
завлона мекардем,
Чу ҳумо пар зада дар гулшани
ишқу ҳавасбозӣ,
Ҳама девона мекардем, варо парвона мекардем,
Вале ҳайфо ҳама рафтанд, дари
дилро бишкастанд,


Кунун дар рӯйи зебоят хати тақдир ях баста,
Диле онро бишкаста, сари роҳат
барбаста,
Ҳама умри ҷавонӣ рафт, ҳама
афсонахонӣ рафт,
Дар он амвоҷи мӯйхоят, ту гӯйи
моҳе биншаста,
Вале ҳайфо ҳама рафтанд, дари
дилро бишкастанд.


Ту гӯйи тори мӯям то кунун дар
бистарат ҳаст,
Хати батлони ишқу ошиқи дар
дафтарат ҳаст,
Зи болинат биёяд накҳати атри
димоғиям,
Хаёли ишқбозиҳо ҳанӯзам дар
сарат ҳаст,
Вале ҳайфо ҳама рафтанд, дари дилро бишкастанд.

Кучо шуд ғамзаи абрӯю чашму
дидаи барно?
Қади мавзуну мӯю хандаи
мастонаи зебо,
Ҳама хуфтанд пушти сояҳои
дидаи бедор,
Чӣ суд аз ин ҳама ғамҳо, аё эй ёри
бепарво?
Вале ҳайфо хама рафтанд, дари дилро бишкастанд.


Тағоймуроди Орифӣ
Вернуться назад