Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ишқи миёни ду зилзила

Ишқи миёни ду зилзила

13-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 821 нафар
Назарҳо: 0
Ишқи миёни ду зилзилаДар китобҳои зиёде хонда будам ва дар филмҳои аз он зиёдтаре дидаам, тавлиди ғайричашмдошт ё бемавриди ишқро. Вале худро чун як шахси солимфикр ба он бовар мекунонидам, ки ин ҳама бофтаи бадеист.

Наход дар ҳоли бомбаборон, ки марги яқин аз болои сар аст, одам дар бораи ишқ фикр карда тавонад, ё маҳбуби худро пеши рӯ биёрад, дар ҳоле ки зинда мондан зери суол аст. Оҳ ин санъаткорон чи нақшҳое намеофаранд. Киштии таърихии «Титаник» дар уқёнуси сард ғарқ мешаваду ҷавони ошиқ маҳбуби хешро девонавор мекобад, меёбад, наҷот доданӣ мешавад, худаш ғарқ мегардаду ӯро зинда нигоҳ медорад. Магар метавон ба ин бовар кард? Албатта ин асари бадеист мегуфтам ман. Дар даҳшатноктарин ҳолатҳои ҳаёт ду қаҳрамони ягон асар ё филме чашм ба чашми ҳамдигар меафтанду ошиқи шайдо мегарданд. Ин ҳам бофтаи муаллиф аст аниқ медонистам ман.

Умри ман имсол ба панҷоҳ расидаву зану фарзанд ва ҳатто набера ҳам дорам. Зиндагиям ором. Ҳамсарамро дӯст ҳам медорам, ҳарчанд ошиқаш нашуда будам. Дар бораи муҳаббат ба фарзандонам ҷойи сухан нест, охир ман як инсони заминиям, ки онҳо ҷону ҷигар ва идомаи умри мананд, чун ҳама волидон.

Моҳе қабл заминларзаи даҳшатангезе сабабгори тағйир хӯрдани зиндагии ман ва боварам ба он китобҳову киноҳое шуд, ки ишқро дар даҳшатноктарин лаҳазоти зиндагӣ баҷо мешуморанд.

Чун марди таҷрибадор гӯё аз заминҷунбӣ он қадар сахт наметарсам, вале кадом як эҳсосе дар ин маврид ҳамаи моро ба берун аз манзил мехонад. Такони аввал дар ин ларзаи замин маро ҳам аз ҷо ҷунбонду дар як они воҳид аҳли хонадонамон манзилро барқвор тарк карданд. Касе пойлучу касе сарлуч ва касе умуман бе либоси гарм бо тарсу ҳарос аз ошёнаи нуҳуми бино дар як дақиқа хешро ба замин расониданд. Маъмулан ман дар ин ҳол чун аҳли хонадонам берун намеравам, вале заминҷунбии навбатӣ шӯхӣ намекард, сахтакак бому дари моро такон медод. Сахтакак чӣ, гумон кардам, ки бинои нӯҳошёнаи мо дар арғунчак нишаставу ҳой меравад.

Дудилаву нобоварона ба пеши дари баромад, ки нимво буд рафтаму ба худ андешидам, ки марди баркамоламу метарсам. Айб аст инро ба гардан гирифтан, вале боз ҷон ширинӣ мекарду заминҷунбӣ ҳам даҳшатбортар буд, аз ҳама зилзилаҳои дар умри сарам дидаам буд. Дастаи дари баромадро дошта, як қадам ба беруни хона ниҳодам. Замин ҳамоно сахт такон мехӯрд. Дари хонаи рӯ ба рӯям батамом кушодаву хонуме аз он хона майли баромадан дошту шояд аз тарс пойҳояш аз фармонаш берун рафтаанд, ки дар паҳлударӣ каме такя карду баъд аз тарс ба замин нишаст.

Мо як сол аст, ки дар ин хона зиндагӣ мекунем, вале боре бо ҳамсоя рӯ ба рӯ нашудаем. Гоҳо овози қулфкушоиеро шунида аз «чашмак»-и дар пушти ӯро мебинем. Вале аҳли хонаводаамон ҳам боре бо вай гап назадаем. Намедонем, ки ӯ кист, пир аст ё ҷавон, танҳост ё бо аҳли аёл, чикора асту чӣ ном дорад? Хулоса, на мо ӯро мебинему на ӯ моро. Дараш гоҳ-гоҳе садо мебарорад. Ё доим дар хона нест, ё кам ба берун мебарояд, ҳеҷ вонамехӯрем. Вале яқин аст, ки дар хонаи ҳамсоя кӯдак нест. Зеро маъмулан кӯдакон ҳатман ё ҳаёҳую бозӣ мекунанд ё гиряву «ҷанг»-и хонагӣ.

Гоҳо ба назар мерасад, ки дар ин хона касе зиндагӣ намекунад. Вале чун мо барои харидани хонаамон омадаву пурсидем, ки хонаи рӯ ба рӯямон холист, кутоҳакак посухамон доданд, ки: «не». Ман ҳам пурсуҷӯ накардам, ки ҳамсояҳо кӣ ҳастанд. Зеро худи бино ва хонаам бароям сахт писанд омада буданд.

Замин ҳамоно меҷунбиду чашми ман ба чеҳраи зани ҳамсоя афтод. Ин дам гӯё чизе аз дилам канда шуду ба гулӯям омад.

Худоё, ин зан, ки ранги рӯяш аз тарс кандаву сап-сафед гашта буд. Гӯё бо чашму абрӯи сиёҳу мӯйи мушкинаш ин дам парие буд, дар муқобили ман. Ӯ аз тарс зери лаб чизе мегуфту ба ман нигоҳ ҳам намекард. Ман заминҷунбиро батамом аз ёд бурдаму эҳсос кардам, ки ба ҷойи тарс дар дилам фараҳе бо гармии муҳаббат макон гирифт.

Замин аз ларзиш мондаву таппишашро гӯё ба қалби ман вогузошт, ки дилам гумбур-гумбур ба задан даромад. Андешае мағзамро низ ба ҷунбиш овард, ки чунин зани зеборо то ҳол надида будам, ё дида будаму чун инро не? Ӯ гӯё ҳуре буд, ки ҳатто ҳоли парешону нотавонӣ ҳам ҳуснашро кам неву, афзун карда буд.

Хостам як қадами дигар ба сӯяш гузораму ӯро аз ҷой бардорам ва оғӯшаш бигирам, то дигар натарсад. Вале ҳис кардам, ки дигар дасту пойҳоям кор намекарданд. Замин ту гӯйи ларзаашро батамом ба ман бахшида худ оҳиста-оҳиста ором мегирифт. Зан ҳам гӯё каме ба худ меомад. Ногоҳ ӯ маро дар рӯ ба рӯяш диду шояд нав эҳсос кард, ки дар ин даҳшат танҳо нест. Дар чашмони зебояш гӯё шӯълаи умеде барқ заду аз ман суол кард.

- Тамом?

- Аъъ, ҳим. Сухане наёфтам ман ё шояд намехостам, ки бидонад, ки хатар бартараф гашта.

Аз ҷунбидан монд, замин? – ӯ гӯё худ ба худ бовар намекарду барояш андешаи каси дигар зарур буд, то эътимод кунад, ки зилзила поён ёфтааст.

- Ман аз ин дидор гӯё забон гум карда бошам, ба унвони тасдиқ сар ҷунбонида, ҳатто дигар сухане гуфта натавонистам.

Занаки ҳамсоя, ки ба ҷуз ман мухолаби дигаре надошт батакрор аз ман суол кард:

- Заминларза тамом шуд?
- Бале, ҷавоб додам, ин дафъа ман, ки ғайрихоҳиши инсонӣ мехостам заминларза тамом нашаваду ин зан ба хонааш надарояд, то аз ман ҷудо нашавад, то ман ӯро бештар бубинам. Оҳ, чӣ қадар зебо буд ин зан, чӣ танҳову ниёзманд ба китфу бозуи мардонае дошт ӯ ин замон. Ҳамсоязан хост аз погаҳи дар, ки такязада нишаста буд, аз ҷой бархезад. Аммо наметавонист, зеро сахт тарсида буд. Ман ҳам ҷуръати аз ҷой ҷунбидан намекардам.

Ӯ гӯё барои бештар сӯзондани ман бошад, ё барои ба худ боварӣ бахшидан бо қатъият гӯё ба худ гуфт:

- Ҳо, тамом шуд!

Мехостам фарёд занам, ки: «Не, набояд тамом шавад. Вале ӯ боз як нигоҳи бефарқе сӯи ман андохту дари хонаашро пӯшид. Ман ҳамоно чашм ба дари вай, ноҷунбону ба даҳони во рост меистодам.

- Ҳа мардак, ту ҳам тарсидӣ? Воқеан ин дафъа сахт ларзид, ҳа? – гуфтани ҳамсарам ки баъди чанде аз берун омада буд, маро каме ба худ овард.

- Эҳҳа, рангат кандагӣ-ку? Ин одами наметарсидагӣ ҳам талхакаф шуд-ку? – гуфта занам шӯхӣ карда механдид, вале ӯ намедонист, ки аз чӣ мадору ақл маро тарк карда аст.

То бегоҳ чеҳраи зебои ҳамсоязан аз пеши чашмонам дур намешуд. Аҷабо, тарс ҳам одамро ин қадар хушрӯ мекардааст, ё худаш табиатан чунин зебост? Чаро ӯ дар хона танҳо буд? Шояд шавҳараш ба кор рафтааст? Шояд ба сафари хидматӣ? Агар тамоман шавҳар надошта бошад чӣ? Надорад.Оре надорад! – худ нафаҳмида ин калимаҳои охирини андешаҳоямро бо овоз баровардаам. Зеро сахт мехостам, ки зани ҳамсоя танҳо бошад. Оҳ, чӣ қадар хуб мешуд, агар ӯ танҳо мебуд!

- Чӣ надорад, мардак? – гуфтани ҳамсарам маро ҳушдор дод, ки бехудӣ карда истодаам.

- Маркази заминларзаро мегӯям, - гуфта занакро фиреб кардам.

Гӯш ба овози дари ҳамсоя ду рӯзи дигар ба умеди дидори он парӣ зистам. Вале дари ҳамсоязан чун худи ӯ бесадову ором буд. Суолҳои зиду нақиз майнаамро гиҷ мекарданд. Намедонистам аз куҷо ва аз кӣ бипурсам, ки ин нозанин худ кисту гузашта аз он аз они кист? Вале ҳама андешаҳои ба сарам омада ботил метофтанд. Ҳар боре аз хона мебаромадам, ё ба хонааммеомадам махсус пеши дар чанде маътал мешудам, ба умеди дидори ӯ.

Аз байн шояд ҳафтае гузашт, ки бароям чун соле тӯлонӣ буд. Зеро ман қарор гум кардаву ба қавли мардум девонавор ошиқ шуда будам. Ошиқи зане, ки ба ҷуз чеҳрааш дигар ҳама иттилоъи дар борааш буда, бароям ноошно буд. Шаб то хоб бурдан аз Худованд талаб мекардам, ки субҳ боз як бор чеҳраи ӯро бубинам. Шом аз кор баргашта пеши хона қадаммониамро сусттар мекардам, ба умеди дидори он парӣ. Ба хотири як лаҳзаи дидораш мани ягон бор ба мағозаву бозор намерафтагӣ ҳар субҳу шом аз ҳамсарам мепурсидам, ки нон, шир, намак ё чизи дигаре зарурат надорад, ки рафта аз мағоза биёрам. Ӯ ҳайрон-ҳайрон ба ман нигоҳ карда «не» мегуфту инро муҳаббат ба худаш қабул карда, торафт ба ман меҳрубонтар мешуд.

Дар дил механдидам, ки аҷабо ин заминҷунбӣ ишқи зани ҳамсояро дар дили ман ҷунбонида шавқи зани худамро нисбати ман ҷунбонид-ку? Пас заминларза ҳам ишқро меҷунбонидааст? Ин суолу андешаҳо гоҳо шармамро меоварданду гоҳ шавқамро. Ман ҳамоно дар орзуи дидори хонуми ҳамсоя ҳатто орзу мекардам, ки боз як бори дигар замин биҷунбаду ӯ тарсида берун бидавад то ман бубинамаш. То аз тарс ӯ худашро ба оғӯши ман занад. Боз андешае домангирам мешуд, ки аҷаб аблаҳам. Агар заминларза чанд ҷойро харобу валангор, кунад чӣ? Агар ин зан тарсида бемор гардад чӣ? Вале шавқи дидораш маро девонатар мекарду ба умеди дидор ва шавқи оғӯши ӯ зилзиларо орзу мекардам.

Дирӯз гӯё Худованд арзу доди маро шунид. Ба лифт савор шуда нав поин шуданӣ будам, ки шараққоси кушодашавии дари ҳамсоя, ки аз он чашм намекандам, маро як қад парронд. Зуд тугмаи исти лифтро зер кардаву ба ин қонеъ нашуда поямро ба дари лифт гузоштам, то он пӯшида шаваду поин наравад. Ҳамсоязан гӯё махсус мекард, ки бо оҳистагӣ дарашро қулф зад ва даст ба сумкачааш бурда телефони ҳамроҳашро гирифт. Чун чашмаш ба лифт афтод дарк кард, ки мунтазири ӯст. Ӯ бо хироми хос ба он савор шуда нимовоз ба ман «салом» ва «ташаккур» гуфту дар телефонаш рақамчинӣ карда, сӯи ман ҳатто нигоҳ ҳам накард.

Дили ман чунон сахт мезад, ки метарсидам, ки ӯ ҳам садояшро мешунавад. Аммо ба рағми ин ҳама вай ором буд. Мо ба ошёнаи якум расидему ӯ боре ба сӯям нимнигоҳе ҳам накард. Ман дар ин чанд рӯзи интизорӣ ҳамеша тасаввур мекардам, ки агар мо ҳамдигарро бубинем, ҳатман чун шиносҳои дерин салому алейк ва гуфтугӯ хоҳем кард. Ман бошам, суолҳои зиёде дода, ҳама чиро дар борааш дониста мегирам. Вале ӯ бепарвоёна аз дари лифт берун гашту ман аз пушташ то берун қариб, ки давидам. Хостам фарёдаш занам, ки чӣ ном дорад, вале боз ҳам тоби сухан гуфтан адоштам. Мехостам ба чеҳраи зебояш бештар нигоҳ созам, аммо ӯ бо сари хам ҳамоно ҳушаш ба тилфонаш буд.

Ӯ миёнақад буду хеле ҷаққон. На ҷавон буду на солманд, вале зеботар аз ҳама. Дар ин чанд лаҳзаи кӯтоҳ ақаллан чандсола буданашро ҳам муқаррар карда натавонистам. Эҳ, ин муҳим нест. Ӯ чун ғизоли тезпое аз пешам дур мешуду ман ноумедтар мегаштам. Ба хотирам расид, ки ман дидори навбатиро бо вай ҳамеша дар тасаввурам ба ҳар ранг медидам. Хаёлан ӯро ба чеҳраи хандон медидам, ки бо зебогии нозҳояш маро мекушт. Дар орзуҳоям ӯ ҳам ба ман ошиқи шайдо буду ҳар лаҳза баҳонаҳои дидор мекофт. Баъди мулоқоти нахустин мо ба тарабхонае рафта шом мехӯрдему зери навои маҳин бо ӯ «валс» мерафтем. Ман ба гӯшаш шеъру латифа мегуфтаму ӯ аз шавқи ханда дар оғӯши ман ҷафстар шуда, ғайриихтиёр ба баданам мечаспид.

Баъд. Баъд мо шабҳои маҳтобшаб то рӯз гардиш мекардему ман аз гулзори миёни шаҳр барояш гул медуздидам. Ӯ қоҳ-қоҳ хандида маро сарзаниш мекард, ки дигар беодобӣ накунам. Ман мегуфтамаш, ки аз ҳама беодобии бузурги ман ҳини заминларза ошиқ шуданам ба ту буд. Вай бошад, мӯйи мушкинашро бо нози занона панҷа зада мегуфт, ки: «Чаро мо соле пештар бо ҳам ошно нашудем?». Ман ба ӯ мегуфтам, ки умре ӯро кофта инак, дарёфтамаш ва дигар то охири умр раҳояш намекунам. Вай хандида аз ман мепурсид, ки: «Агар ҳамсарат воқиф шавад, ҳолат чӣ мешавад?» Ман посух медодам, ки биё дар бораи лаҳзаҳои ғамангез сӯҳбат накунем. Баъд вай дастаки сафедашро ба ноз ба гардани ман ҳалқа карда механдиду механдид. Ман бошам ӯро бӯсаборон мекардаму давр гардонида ба ҳаво мебардоштам. Ӯ аз ханда беҳол гашта мегуфт, ки: «Бас аст, ба заминам бигзор, ки сарам чарх зад». Дар замин ӯ бо ханда боз ба оғӯши ман медаромаду мегуфт: «Метарсам аз даврзании замин…»

Инак рӯзи ба умеди дидор бо ин қадар тасаввурҳо гузаштаамро ба ёд оварда, ба ҳоли худ хандаам омад, ки куҷоянд он лаҳзаҳои дар хаёли ман пайдо шуда?

Вале ҳанӯз умедамро кандан намехостам. Дар сарам як андеша мудом чарх мезад. Андешаи ба даст овардани ӯ. Чӣ метавонад, ки ӯро ба ман наздик кунад? Мепурсидам аз худ. Тарс. Ин посухи сангдилона буд, вале дигар илоҷе надоштам. Оҳ чӣ қадар заифу зебо буд, он рӯзи заминҷунбӣ. Ана ҳамин тавр ӯро мехостам ман. Вале имрӯз вай бовиқору бепарво буду маро алам мекард. Ҳарчанд боз ҳам зеботар гашта буд. Он рӯз вай бо либоси хонапӯшиву бе пардозу ороиш буду имрӯз ӯ гӯё барои куштани ман бо ороиши хосаву либосҳои зебояш боз ҳам паричеҳратар менамуд. Чӣ кор кунам? – суоле домангирам буд, ки беҷавобияш девонаам мекард.

Имшаб боз ба ёди ҳамсоязан дар бистари хобам аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ мегардам. Занам ба хонаи модараш рафта буду гӯё дару девори хона аз ишқи ман бохабар гашта ба ҳоли бечорагиам механдиданд. Ногоҳ дар сарам фикре пайдо гашт, ки одами солим ба он бовар намекунад. Аз Худо илтиҷо кардам, ки заминро биҷунбонад, зеро бегоҳӣ аниқ овози кушода шудани қулфи дари ҳамсояро шунида аз «чашмак» нигоҳ кардам, ки ӯ тани танҳо вориди манзилаш гашта буд. Ҳатто то дер пушти дарам истода гӯш кардам, ки садои дигаре аз хонааш мебарояд. Набаромад. Яқин ин зан танҳо мезияд.

Ақрабаки соат ба дувоздаҳи шаб наздик асту хоб ба гирди чашмони ман намегардад. Худоё ишқи ӯро аз дилам бигир ё коре бикун, ки боз бубинамаш илтиҷо мекардам аз Худо. Шояд дар ин нисфишабӣ вай аллакай хобидааст? Шояд ӯ дар оғӯши ҳамсараш масти хоб аст? Ин андеша қариб буд, ки девонаам кунад. Не ӯ бешавҳар аст. Аз ман аст, танҳо аз они ман, боз худро ором мекардам ман.

Соат аз 12- ҳам гузашт. Ман боз пушти дари баромад рафтаву чашм ба дари хонаи ҳамсоя чун ҷавони навошиқ беқаророна аз «чашмак» ба дари пӯшидаи ӯ менигарам. Дари ҳамсоя гӯё бар қасди ман садое намебарорад. Оҳ, девона шудаам, охир нисфи шаб асту ҳама хобанд. Хостам ягон баҳонае карда дарашро тақ-тақ кунаму чизе бипурсам. Масалан намак. Вале хайрият ба хотирам расид, ки соат аз 12-и шаб гузаштааст. Ба кадом девона дар ин вақти шаб намак даркор мешавад? Ба худ қавл додам, ки баъди лаҳзае рафта хоб мекунам, зеро дигар умедам намондааст. Охир одамони соқ ин замон ҳамагӣ хобанд – андешидам ба худ ва қадаме пас гузоштам, то ки ноумедона сар ба бистари сарду хони хобам рафта гузорам. Вале… Худоё бовар намекунед, ин дам… ин лаҳза, ин соати мурод… такони сахте заминро ларзонд. Ба ҷойи тарс дар дили ман шодӣ ғалаён карду ба пушти дари хонаам наздиктар шудам. Вале дари хонаи ҳамсоязан ҳамоно беовозу баста буд. Ларзаи сахттаре аз ҷунбиши аввали хонаҳоро бештар такон дод. Аз хонаҳои ҳамсояҳои дигар ва ошёнаҳои болову поён садои одамон ва бозшавии дарҳои онҳо баръало шунида мешуд. Умед дар дили ман батамом маскан гузид. Вале ҳамсоязан ҳанӯз садое намебаровард. Ман он қадар инони ихтиёр аз даст дода будам, ки дарамро кушода қариб буд, ки дари ҳамсоязанро бизанам. Шояд ӯ дар хоб мондаву ман бояд наҷоташ бидиҳам? Нав даст ба дараш бурдам, ки ин вақт садои қулфи дари ӯ баромаду ман қадаме вопас гузоштам.

Дари ҳамсоязан башаст кушода шуду он паричеҳра бо мӯйҳои парешон аз дар берун гашт. Ӯ воқеан боз чун бори аввал ба парие шабоҳат дошт, ки бод мӯҳояшро парешон кардаву ҳуснаш афзуда бошад. Либосҳои ҳарири шабпӯшаш, бадани базебашро гӯё барои хотири ман, баръалову рӯшан ба намоиш мегузошт. Чашмони зебояш ҳамоно тарсхӯрдаву оҷизияш пеши иқтидори ҳаводиси табиӣ дар таҳайюраш монда буд, вале ту гӯи ба қудрати худованд ба ҳуснаш ҳусн меафзуд. Садое таконаш медод, ки бираву ба оғӯшаш бигир, то натарсад, то бо ин либоси ҳарир дар ин фасли сармо хунук нахӯрад. Гоми ғайриихтиёр мани ҷунунзадаро ба ӯ наздиктар кард, вале дар ин лаҳза садое чун раъди баҳорӣ ва барқи ногаҳонӣ ба сарам хӯрд.

- Палтоятро бигир азизам, хунук нахӯрӣ. Марди зиёинамое ду палто – яке занонаву дигаре мардона дар даст ба дунболи зан аз хонааш берун шуда, якеро ба китфони зебои ин хонум партофта ӯро ҳамзамон оғӯш кард.
- Ташаккур, ҷонам, гуфта, зан ба оғӯши шавҳар даромада бо ноз сар ба китфи ӯ гузошт.

- Натарс, ҷонам, аллакай гузашт, гуфта баъди таваққуфе мард бо муҳаббат ӯро вопас ба хона даровард. Дари хонаи ҳамсоя шараққас пӯшида шуд. Шараққоси қулфаш гӯё ба гӯшҳои ман қуфл зад. Заминларза ором шуда буду бадани ман акнун дарақ-дарақ меларзид. Гумон мекардам, ки замину замон меларзаду меларзид.

Ҳама ҳамсояҳои болову поин ба хонаҳошон баргаштанду мани ҳайратзада дар ҳамон сардӣ пушти дари хонаам меларзидаму дигар гоме гузошта наметавонистам.

Дигар кай ба хона бозгаштам, ёд надорам. Ба рахти хобам даромадаму дарёфтам, ки хоб вуҷудамро кайҳост тарк карда. Замини хонаам, рахти хобам ва гӯё тамоми дунё ҳамоно меларзид. Ин зарбаи ишқу ларзаи заминҷунбӣ кай поён ёфт, ёд надорам. Саҳар бедор шуда чун одати чандрӯза боз ба пеши дар давидам. Аз «чашмак» дидам, ки дари ҳамсоя кушода шуду зану шавҳар хушбахту хандон ба лифт савор шуданд. Давида ба пеши тиреза рафтам. Онҳо ба мошини зебое нишаста ба самте рафтанд. Дилам аз рашки ноумедӣ сахт-сахт мезад.

Вуҷудамро ларзаи беамоне такон медод. Ларзаи замини қалби ман дигар поён надошт. меларзиду меларзид… Замину замон меҷунбиду меларзид, сарам дар ин чархофалаки тақдир тоб мехӯрду қалбам ба сӯзиш медаромад. Дили акнун танҳову фандхӯрдаам меларзид. Замин меларзид ё замон дигар бароям бефарқ буд, зеро зилзилаи қалби ман абадӣ гашта буд.

… Баъди чанд моҳе аз он хона кӯчидам, зеро бо ҳар садои дари ҳамсоя вуҷуди ман меларзид.

Аз ин ба баъд замин чӣ қадар сахт ҳам биҷунбад ман ба берун намебароям. Зеро бо такони замин он парирӯ ба ёдам меояду боз дилам меларзад. Замини ишқи беҳосилу вожгунам меларзад. Замини ҷонам меларзад. Ишқи миёни ду зилзила бо ларзаи ширинеро дар ёди ман боқӣ гузошт.
Ҳ. Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: