Ишқ - ширинтарин ханда ва талхтарин гиря24-05-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Боре дӯст надоштаву ҳамеша «ошиқ» буд, ошиқи худаш.
*** Гуфтӣ: «Маҷбурам макун, ки дурӯғ бигӯям». Худовандо, инро касе мегӯяд, ки боре рост нагуфтааст! *** Қалби умре аз ишқ ҳифз кардаву дар колбаде аз тарси фиреб хурдаи зиндониямро замоне сар додам, ки дигар харидоре надошт. *** Чаро ин ҳарфи дар дили ман нафратзо, ин қадар дер садо дод? *** Дили аз содиқтарин ошиқон ҳифз кардаамро ба фосиқтарин мунофиқ бохтаву ҳарду дунёи онро сӯхтам. *** Моли ҳаром бақо надорад. Ишқи дурӯғин ҳам бебақову бебаракат аст. *** Чӣ гуна ба ёдат набошам, ки пайки ишқат ба дунёи тори дилам рӯшаноиву сурур меорад? *** Сад бор туро ба дил мекушаму сад бор худ мемирам, вале ишқи ту зиндатар мешаваду зиндатар. Ҳ. Юсуфӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.