Бишкеку Тошканд дар масъалаи аломатгузории марз ба "пешравиҳои мусбат" даст ёфтанд10-11-2016, 12:20
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Гуруҳҳои кории Қирғизистону Ӯзбекистон масъалаи мушаххассозӣ ва аломатгузории марзҳои давлатиро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора ноиб-аввали сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов хабар медиҳад. "Ахиран дар масъалаи мушаххас кардани марзи давлатии Қирғизистону Ӯзбекистон пешравиҳои мусбате ба даст омадааст. Дар соли ҷорӣ ҳайатҳои ҳар ду ҷониб 5 маротиба мулоқот кардаанд, дар ҳоли ҳозир низ бо Ӯзбекистон гуфтугӯ идома дорад", - хабар додааст Раззоқов. Вай афзудааст, ки ҳукумат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари давлатӣ раванди муайянсозии марзи давлатиро бо Ӯзбекистон метезонад. Масоҳати умумии марзи Ӯзбекистону Қирғизисон 1378 километр аст, ки аз ин 320 километраш то кунун мушаххас нашудааст. Саидраҳмон Каримӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.