Ӯзбекистон бозии футбол бо Қирғизистонро бекор кард28-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
Бозии дӯстонае, ки миёни тимҳои футболи Қирғизистону Ӯзбекистон 2 июн дар Тошканд дар назар буд, бе эълони сабаб аз ҷониби Ӯзбекистон бекор карда шудааст. Бозӣ бояд дар майдони "Бунёдкор"-и Тошканд баргузор мешуд. Иттилоъ дар бораи бозӣ 13 май пайдо гардид, аммо бо гузашти як ҳафта ҷониби Ӯзбекистон аз баргузории ин бозӣ худдорӣ кард.
"Мо аз ҷониби Ӯзбекистон мактуби расмӣ гирифтем, ки бозӣ баргузор нахоҳад шуд. Ба ҳамин хотир тамрини тими мо, ки бояд 23 май шуруъ мешуд, ба 28 май кӯчонида шуд. Ба иттилои дабири кулли федератсияи футболи Қирғизисон Достон Конокбоев, бо сабаби норасоии вақт барои муайян кардани рақибони нав дар моҳи июн бозиҳои дӯстона баргузор нахоҳанд шуд. Сарфи назар аз ин бозигарони тими Қирғизистон тибқи нақша тамрин хоҳанд кард", - хабар медиҳад котиби матбуотии Федератсияи футболи Қирғизистон Наталя Угрюмова. Баъдтар маълум шуд, ки Ӯзбекистон 2 июн дар Тошканд бо тими Гвинеяи Экваторӣ бозӣ мекунад. Бекор шудани бозӣ миёни ду тими Осиёимиёнагӣ мавҷудияти ангезаҳои сиёсиро ба бор овардааст. Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон низоъи марзӣ рух дода буд. 18 май Қирғизистон узвияташро дар Бунёди байналхалқии наҷоти Арал, ки яке аз аъзои ин Бунёд Ӯзбекистон аст, бекор кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.