Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Оқсӯ: минтақаи баҳсӣ ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад

Оқсӯ: минтақаи баҳсӣ ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад

14-07-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 288 нафар
Назарҳо: 0
Оқсӯ: минтақаи баҳсӣ ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад
Мақомоти маҳаллии ноҳияи Оқсӯи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон тасдиқ мекунанд, ки минтақаи баҳсӣ дар наздикии деҳаи Соғоти ин ноҳия ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад.

Аммо раҳбарияти ҳукумати вилояти Ҷалолобод инро рад мекунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин заминҳо тғли чанд сол аз сӯи қирғизҳо бе ягон мушкил истифода шудааст.

Алтинбек Кутманов, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Оқсӯй гуфт, ибтидои моҳи равон намояндагони комиссияи аломатгузории хатти сарҳадот ва раҳбарони неруҳои марзбонии ду кишвари ҳамсоя дар минтақаи мазкури баҳсӣ мулоқот кардаанд.

"Дар натиҷаи баррасии харитаву санадҳо маълум гардид, ки ин минтақа ба Ӯзбекистон тааллуқ дорад. Дар ин бора дар санади №8 аз 23 августи соли 2001 ва санади №12, ки 23 сентябри соли 2003 дар шаҳри Бишкек имзо гардидааст, гуфта шудааст", - меафзояд вай.

"Бар пояи ин се санад муайян гардид, ки минтақаи баҳсии мазкур ба ҷониби Ӯзбекистон тааллуқ дорад. Аммо ин қарор бояд дар сатҳи ҳукумат ҳам баррасӣ шавад. Аз ин рӯ, то он замон нерӯҳои марзбонии ду кишвар ҳаққи ҳузур дар минтақаи баҳсиро надоранд. Ҷониби Ӯзбекистон то кунун дар бораи тааллуқ доштани заминҳо ба он чизе намегуфт ва аз ин сабаб қирғизҳо онро истифода мекарданд", илова кард Кутманов.

Дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон 27 минтақаи баҳсӣ мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар ноҳияҳои Оқсӯ ва Алабукин ҷойгиранд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати ин вилоят мегӯяд, дар бораи ба ҷониби Ӯзбекистон тааллуқ доштани ин заминҳо чизе гуфтан ҳанӯз барвақт аст.

"Иттилои Кутманов метавонад ғайрирасмию тасдиқношуда бошад. Ба гуфтаи раҳбарияти ҳукумати вилоят, иттилои мазкур беасос аст. Дар ин бора замоне ибрози назар кардан имкон дорад, ки он дар сатҳи ҳукумат ҳал шавад. Аз ин рӯ, ҳоло барои нисбат додани минтақаи баҳсӣ ба Ӯзбекистон ё Қирғизистон барвақт аст. Ин масъаларо ҳукумат бояд ҳал кунаду порлумони кишвар тасдиқ намояд", гуфтааст Бахтибек Анорқулов, муовини намояндаи худмухтори ҳукумат дар вилояти Ҷалолобод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: