Гузаштани мошинҳои боркаш аз марзи Тоҷикистон осон шуд10-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои аз миён бардоштани монеаҳо ҳангоми аз Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистону Чин ворид шудани мошинҳои борбар ба қаламрави Тоҷикистон системаи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои гумрук ва нақлиётро ҷорӣ кардааст.
Қурбонхон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом имкон медиҳад бору колое, ки дар мошинҳои борбар ҷой доранд, дар шакли электронӣ ба хадамоти гумрукии кишварҳое, ки бояд убур кунанд, фиристода мешавад ва ҳангоми тафтишоти гумрукӣ, вақти зиёд зоеъ намешавад. “Барқарории табодули ҳисоботи электронӣ миёни хадамоти гумрукҳо ва роҳандозии он дар кишварҳои Осиё Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дорад ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон --Ӯзбекистон, Чин ва Афғонистон ин системаро расман қабул доранд", - меафзояд Саидов. Ронандаҳои борбари тоҷик мегӯянд, дар тӯли ҳар сафарашон, ки се моҳ идома мекунад, танҳо барои убури марзи Ӯзбекистон се рӯз мунтазир мешавад. Дар асоси тартиботи убуру мурур, ронандаҳои тоҷик бояд дар се рӯз аз қаламрави Ӯзбекистон хориҷ шаванд. Ронандаҳои қирғиз 5 шабонарӯз, туркҳо 20 рӯз ва русҳо як моҳ ҳаққи будубош дар Ӯзбекистонро доранд. Маҳз муҳлати кӯтоҳ ва роҳи тӯлонии Ӯзбекистон боис ба мушкилоти ронандаҳои тоҷик дар кишварҳои дигар мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.