Рустам Азимов: Ӯзбекистон ба сармоягузорони Чину Русия бартарӣ медиҳад4-11-2016, 13:49
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Ноиб-аввали сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азимов, ки кишварашро дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Бишкек намояндагӣ мекард, аз рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви СҲШ ҷонибдорӣ кардааст. Ба гуфтаи Азимов, ҳатто "дар замони буҳрони давомдори иқтисодии ҷаҳонӣ иқтисоди Ӯзбекистон рушди 7,5 дарсадӣ доштааст". Вай дар идома афзудааст, ки кишвараш ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ҳавасманд аст. "Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо шариконамон - Чину Русия ва ҳамсояҳои наздикамон - Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аллакай барои рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ иқдомҳои мушаххасе меандешад", - афзудааст вай. Рустам Азимов ҳамчунин гуфтааст, Ӯзбекистон роҳи мудернсозии технологияро тай мекунад ва аз Русияву Чин умедвор аст, ки дар ин бахш сармоягузорӣ хоҳанд кард. Саидраҳмон Каримӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.