Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Қарамиқ

8-11-2016, 16:39
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Қарамиқ

Дар бораи минтақаи марзӣ қаблан кам маълумот доштам. Ёдам меояд, вақте ки сохтмони роҳи мошингард аз пойтахт ба самти водии Рашт оғоз шуд, нуқтаи охирин Қарамиқ ишора гардида буд. Аз дигар ҷониб ин ҳамон минтақаи марзиест, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамеша ором аст. Дар ин сафар мехоҳем бо шароити хизмати сарбозону афсарони ин нуқтаи сарҳадӣ аз наздик шинос шавем.

Бинобар ин ба сӯи Қарамиқ равонаем. Роҳ васею ҳамвор ва мумфарш аст. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияташ ба ҳайси Роҳбари давлат ба масъалаи бунёди роҳу роҳсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат низ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст.

Мошин дар роҳи ҳамвор озодона ҳаракат дорад. Дар ду тараф аломатҳои зарурӣ насб ва самти ҳаракати мошинҳо дар рӯйи роҳ бо хатҳои сафед ишора шудааст. Дар як қитъаи роҳ мебинем, ки роҳсозон дубора машғули тармиманд.

-Ин қитъа аз комиссияи қабул нагузашт, - мегӯяд муовини Раиси ноҳия Баргигул Аббосова, ки дар ин сафар моро роҳнамоӣ дорад.- Сабаб ин буд, ки роҳро дар пастӣ бунёд кардаанд. Ин ҷо минтақаи барфрез аст. Зимистон вақте ки барфи зиёд меборад, ба ҳаракати мошинҳо монеа эҷод мешавад. Акнун сатҳи роҳро нисбат ба теппаҳои ду тараф баланд мекунанд, ана он вақт барф ҷамъ намешавад.

Баъди чанде боз роҳсозонро машғули кор мебинем.

-Ин қитъа бошад, дуруст хомакорӣ нашудааст,- ба техникаҳои роҳсоз ишора карда суҳбаташро идома дода мегӯяд роҳбалади мо.-Бар асари ҳаракати мошинҳои пурбор роҳ фурӯ рафта, пасту баланд шудааст. Акнун роҳсозон дар пайи ислоҳи камбудиҳоянд.

Ронанда баъди тай кардани масофаи зиёд мужда мерасонад, ки ба сарҳад расидем ва мошинро дар назди дарвозаи қисми ҳарбии 2120-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ нигоҳ медорад. Мо бошем, аз мошин пиёда шуда, бо иҷозаи роҳбарияти ин қисми низомӣ вориди он мешавем. Иҷрокунандаи вазифаи сардори зершуъбаи назорати сарҳадии "Қарамиқ" лейтенанти калон Иззатулло Солиев моро қабул мекунад.

-Дар давоми 12 соли фаъолиятам дар ин минтақаи марзӣ боре ҳам шоҳиди нооромӣ нашудаам, ки ба муносибатҳои ду ҷониб халал ворид шуда бошад,-мегӯяд ӯ.-Алҳол вазъият дар сарҳад ором аст, дилпур бошед, сарбозону афсарони ин қисми низомӣ ҳамеша дар ҳифзи марз омодаанд.

Аз суҳбат бо сарбозон маълум шуд, ки аксарияти онҳо зодагони навоҳии вилояти Суғданд. Аскарон аз шароити хизмат изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Маълум, ки онҳо дар баробари хизмат ва обутоби ҷисмонӣ картошкапарвариро низ омӯхтаанд.

-Картошка нони дуюм аст. Ин қитъаи замин эҳтиёҷоти сарбозонро таъмин мекунад,- мегӯяд сардори зершуъба бо ишора ба картошказори сарбозон.
Мебинем, ки масъулини нуқтаи назоратию тафтишотӣ ба мусофирони ду сабукрав, ки ба самти Қирғизистон равонаанд, роҳи сафед мехоҳанд ва ба нафароне, ки аз ҷониби Қирғизистон ба тарафи ноҳияи Лахш раҳсипоранд, сафари бобарор орзу мекунанд.

Ба андешаи муовини Раиси ноҳияи Лахш Б.Аббосова яке аз сабабҳои оромӣ дар ин минтақаи марзӣ ҳамдигарфаҳмию эҳтироми ду ҷониб аст. Роҳбарони ҳам ноҳияи Лахши Тоҷикистон ва ҳам ноҳияи Чонолойи Қирғизистон ҳамеша дар ҷамъомадҳо қимат будани дӯстию ҳамсоягиро таъкид мекунанд. Мо дар чорабиниҳои ҳамдигар ширкат меварзем, ки ин муносибатҳои дӯстию ҳамсоягиро таҳким мебахшад.

Комиссияи муштараки дуҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки аз соли 2013-ум амал мекунад, дар таҳкими ин муносибатҳо низ саҳм мегузорад. Бо пешниҳоди ин комиссия омадурафти шаҳрвандони ду ноҳияи ҳаммарз ба ҳудуди ҳамдигар сода карда шуда, бо шиносномаҳои дохилӣ сурат мегирад. Инчунин гузаронидани чорво ва маҳсулоти он, навъҳои меваю полезиҳо ва ангиштсанг иҷозат дода шудааст.

Рӯз аз нисф мегузашт. Дар нишебии кӯҳҳо назарамон ба гурӯҳи сарбозоне афтод, ки ҳамхизматонашонро дар дидбонгоҳҳо иваз мекарданд.
Бале, маҳз бо туфайли ҳушёриву зиракии марзбонон амният дар ин ҷо таъмин аст ва мардум зиндагии орому осуда доранд.

Мо ба сарбозону афсарони ин қисми низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан нерӯи тоза ва нангу номуси ҷавонмардӣ хоста, пас мегардем.

Ҳунар беҳ аз симу зар...
Шаби охирини сафарро чун шаби аввал дар Рашт саҳар кардем. Пас аз сафари серӯза ба ноҳияи Лахш раҳбари ҳайат Раиси Иттифоқи журналистон Зинатулло Исмоилзода тавассути телефон гуфт, ки бегоҳ бояд дар Рашт ҳозир шавем, то ки ба ҷамъомади пагоҳӣ дер накунем. Мо низ тасмим гирифтем, ки бегоҳ ба Рашт бармегардем. Раҳматҷон Маҳмадов, ки ҳар рӯз бо мо дар тамос шуда ҳолу аҳвол мепурсид, он рӯз аз тасмими мо магар хабар ёфт, ки таъкид кард: "Бегоҳ дар деҳаи Ялдамич шуморо интизор мешавем ва пеш аз ба роҳ баромадан моро огоҳ кунед".

Вақте ба рустои Ялдамич расидем, сари роҳи калон акаи Раҳматҷон ҳамроҳи раиси ҷамоати деҳоти Қалъанак Эшонхӯҷа Фақиров мунтазири мо буданд. Пас аз саломуалейк сӯи биное роҳ гирифтем, ки аз шоҳроҳ дар масофаи 100-150 метр дар дохили боғи дарахтони гуногунмева бунёд шудааст. Ҳавои тозаи кӯҳистон. Бегоҳӣ низ насими ин ҷо форам аст. Аммо аз дудбарои хона дуди ғафс мебарояд. Акаи Раҳматҷон тааҷҷуби моро пай бурда шӯхиомез мегӯяд, ки шабона ҳаво сард мешавад, барои он ки шумо хунук нахӯред, фармудем, ки дар бухорӣ алов кунанд...

Вале баъд маълум мешавад, ки дар ошёнаи якуми бино сауна ҷойгир будаасту ба хотири меҳмонон оташи бухории онро фурӯзон кардаанд.
Бале, ҳаммоми русӣ дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон, буғхонаи он бо чӯбу тахтаи махсус бунёд шудааст. Соҳиби ин меҳмонхона фарзандони ҳамин деҳа - бародарон Сатторовҳо мебошанд. Сабриддин яке аз он бародарон ҳикоят кард, ки бар асари низоъҳои дохилӣ, зиндагии вазнин, камбағаливу нодорӣ маҷбур шудаанд, ки ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Чандин сол азоби мусофиратро кашидаанд. Бо вуҷуди таъминоти хонаводаҳояшон боз маблағ захира намуда, ба Ватан баргаштанд. Ҳунарҳое, ки дар муҳоҷират омӯхта буданд, дар деҳа ба кор омад. Як гӯшаи ноободро иҷора гирифта ба соҳибкорӣ машғул шуданд. Сехҳои дуредгарию оҳангарӣ кушоданд. Фаъолияти ин бародарони соҳибкор васеъ аст. Дар ин ҷо ҳам техникаи кишоварзӣ таъмин мекунанду ҳам мошинҳои сабукрав. Бо фармоиши ҳамдиёрон аз чӯбу тахта дару тиреза, мизу курсӣ, кату хонтахта, ҷевону либосовезак, бухориҳои гуногун, дарвозаҳои оҳанинро бо сифати баланд месозанд. Акнун сокинони ҷамоати деҳаи Қалъанак ба ҷойи дигар нарафта, дар ҳамин ҷо мушкилоташонро бароварда месозанд.

-Имрӯз тавре мебинед, ҳунарамон моро мехӯронад ва бори рӯзгорамонро мебардорад. Беҳуда бузургонамон нагуфтаанд: "Ҳунар беҳ аз симу зар",- мегӯяд Сабриддин ва шукрона аз фазои орому осудаи Ватан мекунад.

-Дар урфият ҳунарро зару ҳунармандро заргар мегӯянд, -андешаҳои Сабриддинро тақвият мебахшад Эшонхӯҷа Фақиров, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Қалъанак", ки 188 аъзо дорад. - Дар ҷамоати мо мисли бародарон Сатторовҳо шахсони ҳунарманд зиёданд. Лекин аксарияти мардуми мо ризқу рӯзии хешро аз замин ёфтаанд. Боғдорию кишоварзӣ манбаи пешбурди зиндагии онҳо шудааст.

Агар мушоҳида карда бошед, дар ҷамоати мо ягон ваҷаб замин холӣ нест, онро мардум самаранок истифода мебаранд. Дар қисмати офтобнишини ҳамин деҳа, ҳудуди 20 гектар талу теппа ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад. Оянда дар он ҷо навъҳои гуногуни ниҳоли зардолу ва олу шинонида, зинабоғ бунёд мекунем, зеро иқлими нарми водӣ барои бунёди чунин боғҳо мусоид аст…

Шинохт
ва ё ба ҷои хулоса
Сафаре, ки бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Сардори давлат Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ин водӣ ташкил намуд, то дергоҳ дар хотираҳо нақш хоҳад баст. Ин сафар эҳтироми моро бори дигар ба мардуми ин минтақаи кӯҳистон афзуд. Мардуме, ки дар синаи кӯҳ замин кушода, ризқу рӯзӣ меёбанд, мардуме, ки аз меҳнат наҳаросида, ранҷ мекашанду ганҷ ба каф меоранд, мардуме, ки роҳ месозанду об меоранду боғ бунёд мекунанд ва навъҳои гуногуни меваҳои хушлаззатро пешкаши ҳамдиёрон мегардонанд, мардуме, ки барои зиндагии боз ҳам хубтару ояндаи неки фарзандон талош меварзанд, мардуме, ки чароғи меҳрашон ҳамеша фурӯзон аст…
Мо ин мардумро ҳамин хел мешиносем.

Алӣ Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: