Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ЧАРОҒИ МЕҲР

8-11-2016, 16:23
Хабарро хонданд: 316 нафар
Назарҳо: 0
ЧАРОҒИ МЕҲР

Бо чунин орзуҳои нек корвони журналистон ба сӯи ноҳияи Рашт раҳсипор шуд. Истиқболи гарми мизбонон дар даромадгоҳи ин ноҳия он рӯз воқеан сурурбахш буд. Муовини Раиси ноҳия Зумрад Лоиқова ҳузури хабарнигоронро ба минтақа дар арафаи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, зикр кард, ки "бовар дорам рӯзноманигорон дар ин сафар бо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии навоҳии кӯҳистон ва мардуми меҳнатқарини он аз наздик шинос шуда бо хотираҳои нек ба Душанбе бармегарданд ва дар нашрияҳое, ки фаъолият доранд, матолиби хонданӣ ба табъ мерасонанд, ҳамчунин дар телевизион ва радио низ барномаҳои диданиву шуниданиро пешкаши бинанда ва шунавандагон мегардонанд".

Эҳсос мешуд, ки фазои истиқболро чароғи меҳр мунаввар месозад. Дар ҳавои мусиқӣ ҳамагон аз хурсандӣ мерақсиданд. Миёни пешвозгирандагон медидем, ки Раҳматҷон Маҳмадов, раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон серташвиш аст. Медонем, ки масъулияти роҳбарӣ намегузорад, ки ӯ дар иҷрои вазифаи ба уҳдааш вогузор шуда бепарво бошад. Меҳрубониву дасткушодиро акаи Раҳматҷон агар аз падари шодравонаш, ки умри хешро сарфи таълиму тарбияи фарзандони мардум кардааст, гирифта бошад, пас дарси масъулиятшиносиро дар мактаби ҲХДТ омӯхтааст.

ДАР СУРОҒИ "ҲАМШАҲРИҲО"-И ПАДАР
СУҲБАТИ мо он бегоҳ дар ру-стои Навдона, дар назди як чашмаи таърихӣ гирди суфраи пур аз нозу неъмат тафсид.. Мавзӯи суҳбат асосан дар бораи Ваҳдату ҳамдилӣ, эҳтирому самимият, бунёдкориву созандагӣ буд. Гузаштаи начандон дурро аҳли нишаст ба хотир овардаанд. Истиқлолеро, ки чун мурғи ҳумо сари китфони мо ба осонӣ нишаст, дар ибтидо натавонистем бо чеҳраи кушод истиқболаш гирем. Баръакс, сӯи ин парандаи хушиқбол аз фалахмон тир андохтем ва оғӯшта ба хунаш кардем. Кор ба ҳадде расид, ки бародар душмани бародар шуд. Ҳатто дар пойтахт рӯзона аз як гӯша ба гӯшаи дигар рафтан имкон надошт. Сафар ба Рашту Хатлону Бадахшон дар гӯшаи хаёл намеғунҷид. Фардо чӣ мешаваду бо чӣ меанҷомад, касе намедонист. Мо кадом роҳро интихоб кардаем, ба куҷо меравем, барои ҳамагон муаммо буд. Хушбахтона, абрҳои сияҳи нафасгир аз самои Тоҷикистон пароканда шуданду хуршеди гарми меҳру шафқат дубора болои сари мо чеҳранамоӣ кард. Имрӯз аз он шодем, ки ба шарофати ваҳдату якилӣ метавонем ба ҳар гӯшаи Ватан сафар кунем.

- Як муддат роҳи мо ба пойтахт баста буд. Мушкилоти зиёд мардумро гиребонгир шуд. Раҳми Парвардигор омаду ба бахти мо ин монеаҳо рафъ гардиданд,- риштаи суханро ба даст мегирад Ҳамзаалӣ Давлатов, раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи сурх. - Ба истиснои 30-32 километр роҳе, ки дар минтақаи зери об хоҳад монд, дигар қитъаҳои роҳ пурра ҳамвору мумфаршанд. Шабу рӯз мошинҳо дар ин роҳ равуо доранд. Дар чор соат метавонед ба Душанбе расед ва ё дар ин муддат аз пойтахт ба зодгоҳ баргардед.

Ҳ. Давлатов аз қитъаҳои ҷудогонаи ин роҳ ёдовар шуд, ки дар гузашта ноҳамвор буданд, бо лағжиши сангу хок ҳафтаҳо банд мешуданд, техникае набуд, ки онро тоза кунад. Ҳоло бошад, чунин нест, дар чор фасли сол роҳ кушода аст. То Қарамиқ - мавзеи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон роҳ васеъ, ҳамвор ва мумфарш аст, ки бунёди чунин шоҳроҳ дар гӯшаи хаёли мардуми водӣ набуд. Ба шарофати Истиқлол чунин имконият фароҳам омад.
- Вақте бача будаму дар мактаби зодгоҳам шаҳри Панҷакент таҳсил мекардам, аз забони қиблагоҳам дар бораи меҳмоннавозии мардуми Раштонзамин ҳикоятҳо мешунидам, - ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Абдумудассир Аҳмадзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи "Тоҷикистон". - Баъди хатми донишгоҳ падарам бо роҳхати Вазорати маориф ба ин ноҳия ба кор омада, чанд сол дар ин ҷо ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешавад. Аз ҳамон вақт меҳри ин мардум дар дили ман ҷой гирифтааст. Ҳарчанде бо тақозои касбу кор ба гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳо доштам, аммо бо гузашти солҳои зиёд, ки ҷавониҳои падарам дар ин ҷо гузаштааст, имрӯз дар ҳайати корвони журналистон ба суроғи "ҳамшаҳриҳо"-и падарам бори аввал ба диёри шумо омадам, мегӯяд нимшӯхиву нимҷиддӣ ин ҳамқалами мо.

ЧАРОҒИ МЕҲР

А. Аҳмадзода дар идомаи суҳбат аз фаъолияташ ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёдовар шуд:

- Беш аз 35 сол аст, ки оташи низоъ дар ин ҷумҳурии ҳамсоя хомӯш намешавад. Ҳар рӯз аз ин ё он гӯшаи Афғонистон хабарҳои нохушро мешунавем. Абарқудратон то имрӯз бо тақдири ин мардум бозӣ доранд. Хушбахтона ақли солим боло гирифту мо тавонистем пеши ин офатро бигирем. Натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки ин бегоҳ дар сари як дастархон бародарвор дарди дил мекунем. Ҳанӯз ҳам бадхоҳони миллати мо дар камингоҳ санг дар бағал доранд. Ҷавононро ба роҳи дуруст бояд ҳидоят кард. Ҳушёриро набояд аз даст дод, - меафзояд ӯ.

- Дар бисёр расонаҳо аз ҲХДТ чун ҳизби ҳоким ном мебаранд, вале ман мегӯям, ки ҲХДТ ҳизби масъул аст, зеро ин ҳизб таҳти шиори "Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!" талош мекунад, ки ҷомеаи мо орому сатҳи зиндагӣ боло равад, - риштаи суханро ба даст мегирад акаи Раҳматҷон, ки дар боло сифаташ кардем.

- Фардо шумо ба муассисаву корхонаву хоҷагиҳо рафта бо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва рӯзгори мардум аз наздик шинос мешавед. Рашт дигар ноҳияи солҳои 90-ум нест, балки як диёри ободу аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта аст. Сатҳи зиндагии мардум низ имрӯз бо он солҳо қиёснашаванда аст. Бо ҳидоятҳои неку бунёдкоронаи Раҳбари ин ҳизб, ки Пешвои миллат эътироф шудааст, мардум сӯи фардои нек қадамҳои устувор мегузоранд, диёри мо агар имрӯз обод шуд, фардо ободтар мешавад, - илова мекунад акаи Раҳматҷон.

Суҳбат он шаб то дергоҳ тафсон буд. Мисли он ки ташна сӯи об меравад, андешаҳо моро ба созандагӣ, ободонӣ ва ояндаи дурахшон раҳнамун месозанд. Аҳли нишаст бар ин андеша будем, ки бигузор Тоҷикистони азизи мо аз хатарҳои охируззамон дар амон бошад.

РОҲ ОБОД, ДЕҲ ОБОД
ПАГОҲИИ рӯзи дуюми сафар дар шаҳраки Ғарм дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Рашт ҷамъ омадем. Раҳбари гурӯҳ Раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода гуфт, ки ҳамроҳи ду нафар хабарнигорони ҷавон- Суҳроби Нур ва Муҳаммадамин Каримов аз радиои "Имрӯз" ва хабаргузории "Озодагон" бояд ба ноҳияи Лахш равем. Ростӣ, қабл аз сафар дар шаҳри Душанбе бисёр мехостам, ки мавзеъҳои тамошобоби ин ноҳияро бубинам ва бо зиндагии мардуми деҳоти ин минтақаи кӯҳистон аз наздик шинос шавам. Гарчанде пештар ду бор ба ин ноҳия сафар доштам, аммо фақат маркази ноҳия - шаҳраки Ваҳдатро дида будаму халос. Ин дафъа шояд имконияти бештар фароҳам ояд, то ин ки бо ҷойҳои таърихии ин ноҳияи сарҳадӣ шинос шавем. Дарвоқеъ, аз эълони ин хабар шод шудем. Мебоист аз шаҳраки Ғарм таксӣ дошта ҳамон лаҳзаҳо сафарамонро идома медодем, вале Раҳматҷон Маҳмадов, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт гуфт, ки "шуморо худам мебарам". Ҳарчанд намехостем, ки ба ӯ "дарди сар" шавем, аммо акаи Раҳматҷон ин хоҳиши моро рад кард: "Шумо меҳмони азизи мо ҳастед" ва ишора намуд, ки борхалтаҳои сафариамонро дар мошини "Нива Шевролет"-аш бор кунем. Бо вуҷуди он ки акаи Раҳматҷон кори зиёде дошт, аз райъяш нагашт. Журналистони дигар бошанд, дар Рашт монданд.

Мошин дар роҳи ҳамвори мумфарш ба осонӣ аз кӯчаи марказии шаҳраки Ғарм ба сӯи Лахш ба ҳаракат даромад. Қад-қади роҳ ду тараф биноҳои хуштарҳу замонавӣ қомат афрохтаанд, ки яке аз дигаре зеботаранд. Таваҷчуҳи Суҳробро яке аз ин хонаҳо магар сахт ба худ ҷалб кард, ки ишора намуд то мо ҳам онро бубинем.

- Дар ҳақиқат хонаи хуб сохтааст, устояш чирадаст будааст,- лаб кушод ӯ.

- Дар мо одат шудааст, ки ҳар дигаргуниро бо гузашта муқоиса кунем. Бахусус корҳои имрӯзаро бо даврони шӯравӣ, - суханони Суҳробро тақвият мебахшад акаи Раҳматҷон. - Дар гузашта дар ҳар деҳа як ё ду нафар усто буданд, ки девор мекарданд ва боми хонаҳоро бо шифер мепӯшониданд, ҳозир бошад, аксарият усто шудаанд, ҳунар омӯхтаанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ "чашми бачаҳоро кушод", онҳо кори сохтмонро ёд гирифтаанд.Ба иборае дасташон рост шудааст. Акнун дар асоси лоиҳа хонаҳои ду ва сеошёна месозанд,-афзуд ӯ.

- Агар мушоҳида карда бошед, имрӯз дар тамоми гӯшаю канори мамлакат, аз ҷумла дар деҳот хонаҳо дар асоси лоиҳа бунёд мешаванд, ки онро шуъбаи меъморӣ тасдиқ кардааст,- ба суҳбат ҳамроҳ мешавад Муҳаммадамин.

- Бале, дар лоиҳа тамоми паҳлуҳои сохтмон ба инобат гирифта шудааст-ҳам хонаи хоб, ҳам меҳмонхона, ҳам ҷойи кӯдакон ва ҳам иморатҳои ёрирасон. Саҳни ҳавлиҳо низ бо тарҳи зебо оро ёфтаанд. Атрофи роҳравҳоро гулҳои гуногун зеб мебахшанд. Баробари ворид шудан ба ин ё он ҳавлӣ табъи кас болида мегардад, - илова мекунад Суҳроб.

- Оре, ҳамин зебоӣ ба дил фараҳ мебахшад, - тасдиқ мекунад Муҳаммадамин.

- Суҳроб, мебинам, ки аз пагоҳӣ табъат болида аст, - мепурсам аз вай.

-Ин субҳ хушхабар расониданд, ки филми кӯтоҳметражаам - "Видоъ" ба аввалин кинофестивалии байналмилалии синамогарон роҳ ёфтааст,- ҷавоб медиҳад ӯ.

- Ин тавр бошад, мо аз муваффақияти коргардонии ту шод ҳастем. Биё, дастатро фишурам. Ин оғози корҳои бузургест, ки бояд Суҳроб анҷом диҳад, - бо ин гуфтаҳо ӯро рӯҳбаланд мекунам.

Ин дам садои телефони акаи Раҳматҷон баланд мешавад. Азбаски идораи мошинро ба уҳда дорад, телефонро ба даст намегирад, аммо тугмачаи баландгӯяки онро пахш мекунад.

- Салом, дар куҷоӣ? - мешунавем аз он сӯ.

- Мо тарафҳои шумо рафта истодаем. Дар мошин меҳмонҳои қадрдон дорам. Онҳоро хуб мешиносӣ, - ҷавоб медиҳад акаи Раҳматҷон ва меафзояд: - Баъди 10-15 дақиқа сари роҳ баро, як ҷо бо меҳмонҳо Лахш меравем. Бо ин баҳона Ғафурова (Насиба Ғафурова, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш)- ро хабар гирифта, пас мегардем.

- Алиҷон, шинохтӣ? - мепурсад акаи Раҳматҷон аз ман.

- Чаро не? Акаи Зулфиқор (Зулфиқор Рамазонов, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод) аз дӯстони қадрдон аст. Хуб аст, ки бо баҳони сафар ӯро низ мебинем, - посух медиҳам.

Қад-қади роҳ боғҳои сарсабзу хуррам доман паҳн кардаанд. Дарахтони шоху навдаҳояш хами себу олую шафтолую биҳию нок…
Мошин қад-қади дарёи Сурхоб пеш медавад. Роҳ васею ҳамвор аст. Сурхоб поён мераваду мо боло…

Алӣ Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: