Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАХШ «МАҶРОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД»

ВАХШ «МАҶРОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД»

8-11-2016, 16:12
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
ВАХШ «МАҶРОЯШРО ДИГАР МЕКУНАД»

Пеш аз ба майдони сохтмон рафтан дар бинои маъмурияти ҶСШК НБО Роғун ба ҳар кадоми мо либосҳои махсус доданд. Сардори Раёсати қабули корҳои анҷомёфтаи нерӯгоҳ Музаффар Абдиев, ки чун донандаи таърихи ин сохтмони азим ба сифати экскурсавод моро ҳамроҳӣ мекард, қабл аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сохтмон аз рӯйи макет дар бораи нерӯгоҳ маълумоти муфассал дод. Бино ба иттилои ӯ, тамоми таҷҳизоту чархаҳои барқистеҳсолкунанда дар муқоиса бо нерӯгоҳҳои барқи обии дунё на дар баландии сарбанд, балки дар дохили кӯҳ ҷойгир шудаанд. Дар обанбори нерӯгоҳ (то соли 2028), ки дарозиаш 74 километр ва паҳноияш 616 метр хоҳад шуд, 13,3 млд. метри мукааб об ҷамъ мешавад. Дар оянда ин ҷо як мавзеи хушбоду ҳавои сайёҳӣ хоҳад шуд, ки дар ин баҳри азим киштиҳо метавонанд бемалол шино кунанд.

Вақте ки аз баландӣ ба маҷрои дарёи Вахш назар мекардем, акаи Музаффар ба мо нақбҳоеро нишон дод, ки дар соҳили чапи дарё канда шуда, дар наздашон тахтасангҳои бетонӣ гузоштаанд.

-Дар зери ин нақбҳо боз ду нақби дигар канда шудааст. Вақте ки тахтасангҳои бетониро гирифта, даҳони ин нақбҳоро мекушоем, об бемалол аз онҳо ҷорӣ мешавад. Оби боқимонда аз дохили нақбҳои болоӣ мегузарад. Тавре мебинед, мо пеши обро намебандем, чуноне ки ҳамсояҳо овоза паҳн карда, ҳамаро ба иштибоҳ андохтаниянд, балки маҷрои дарёро тағйир хоҳем дод, яъне ҳаҷми об кам нашуда, тавассути туннелҳо аз зери кӯҳ ҷорӣ шуда, дар поён боз ба маҷрои асосӣ мерезад. Вақте ки об ба воситаи нақбҳо ҷорӣ мешавад, маҷрои пешинаи дарё аз оғози нақбҳо то охири онҳо, ки дар поёни маҷрои дарё намоён аст, беоб мемонад. Ана ҳамин қитъа бо қуму шағал ба баландии 335 метр бо раҳнамоии мутахассисони итолиёвӣ пӯшонида хоҳад шуд, - шарҳ медиҳад ҳолати сохтмони сарбандро Музаффар Абдиев.

Дар сохтмон ба ҳар як ҷузъиёти кучак эътибор медиҳанд, то ин ки фардо қазияе рух надиҳад. Дар соҳили рости дарё поёнтар аз нақбҳои обгузар техникаи махсус заминро парма карда, бо истифода аз арматура сутунҳои даврашакл мерезанд. Акаи Музаффар ба ҳайси мутахассис ин амали сохтмончиёнро шарҳ дод, ки таркиби қум намак дорад, дар оянда ҳар ҷо-ҳар ҷо метавонад ковокӣ пайдо шавад ва аз онҳо об бемалол гузарад. Барои он ки ин ҳолат рух надиҳад, қаъри заминро парма карда, чунин сутунҳо мерезанд, ки масофаи байни онҳо ҳудуди як метр аст. Чунин пояҳо дар соҳили чапи дарё низ рехта мешаванд. Вақте ки об тавассути нақбҳо ҷорӣ шуд, дар маҷрои асосии дарё низ аз рӯи як хати рост ҳамин гуна сутунҳои оҳанию бетонӣ рехта мешаванд. Ин сутунҳо ҳам сарбандро мустаҳкам нигоҳ медоранд ва ҳам намегузоранд, ки сӯрохиҳо пайдо шаваду об аз онҳо гузарад.

Дар соҳили чапи дарё қатори мошинҳои калонҳаҷми боркаш бо навбат қуму шағалро аз соҳил бароварда, ҳар ҷо-ҳар ҷо захира доранд, ки ба назар кӯҳҳоро мемонанд. Вақте ки дарё маҷрояшро дигар кард, ҳамин қуму шағали ҷамъшударо дубора ба сарбанд мекашанд.

-Акнун шумо он корҳоеро мушоҳида кардед, ки дар берун ба анҷом расидаанд ва ё идома доранд. Аммо корҳои боз ҳам мушкилтарро дар дохили кӯҳ хоҳед дид,-мегӯяд акаи Музаффар ва аз ронанда хоҳиш мекунад, ки моро тавассути яке аз нақбҳои мошингузар ба майдони асосӣ барад.

ҲАМ НУРУ ҲАМ САФО
Нақби мошингузар дар ҳақиқат шоҳроҳеро мемонад, ки мошинҳои бузургҳаҷм дар он равуо доранд ва аз садои баланди компрессору техникаҳои пармагарию кафшергарӣ дили кӯҳ меларзад. Дар дохил чанд нақб бунёд шудааст, ки ҳар кадом вазифаҳои махсус доранд. Гӯё мо дар шаҳре қарор дорем, ки аз шоҳроҳи асосӣ ба ҳар самт тавассути роҳҳои мошингард рафтан мумкин аст. Бале, шаҳре дар дохили кӯҳ.
Тавре зикр кардем, ҳар як нақб бо мақсади муайян вобаста ба баландшавии сатҳи об бунёд шудааст ва пас аз анҷоми сохтмон аксарияти онҳо зери об хоҳанд монд. Дарозии умумии нақбҳо дар ин ҷо 124 километрро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нақбҳое, ки алҳол дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, хеле зиёд аст.

Таваҷҷуҳи моро бештар толори чархаҳо ҷалб намуд, ки ҳамагон дар он ҷо саргарми меҳнатанд. Дар маҷмӯъ ин толор 220 метр дарозӣ, 22 метр паҳно ва 78 метр баландӣ дорад. Тасаввур кунед чунин толори васеъро дар зери кӯҳ чӣ тавр сохтаанд? Дар мобайни толор мутахассисон қисмҳои чархаҳои 5-ум ва 6-умро васл мекунанд. Ҳар як чарха 470 тонна вазн дорад. Барои онҳоро ба толори агрегатҳо бурдан дастгоҳи борбардореро васл кардаанд, ки иқтидори бардоштани 570 тоннаро дорад. Баъд аз оне, ки ҳамаи чархаҳо пурра васл шуданд, тавассути ҳамин кран ба ҷойҳои худ гузошта хоҳанд шуд ва ин толор ба сифати маркази маъмурию идораи чархаҳо хизмат хоҳад кард. Дар ҳамин толор ба коргарон бунгоҳи тиббӣ ва ошхона хизмат мерасонанд.

Толоре, ки дар он чархаҳо насб хоҳанд шуд, низ масоҳаташ калон аст. Дарозии он 200, бараш 20 ва баландиаш 40 метр аст. Дар ҳамин толор об чархаҳоро ба ҳаракат дароварда, барқ истеҳсол мешавад ва аз трансформаторҳо тавассути ноқилҳо ба берун интиқол дода хоҳад шуд. Дар сурати ба кор даровардани ҳамаи 6 агрегат солона 13,1 млд. кВт/соат барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мешавад, ки ин нерӯи андак нест.
Муҳимияти ба кор даровардани нерӯгоҳ имрӯз ҳар як соҳибватани баномусро бетараф гузошта наметавонад., зеро баробари ба истифода додани он як ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат-амнияти энергетикӣ таъмин хоҳад шуд.

Бо талошҳои Пешвои миллат тибқи шартнома ширкати итолиёвии "Салини Империҷило" тасмим гирифтааст, ки то соли 2018 чархаҳои 5 ва 6-и нерӯгоҳ барқ диҳанд. Бале, барқе, ки дар синаи кӯҳ тавлид мешавад, на танҳо манзили моро мунаввар месозад, балки ба рӯзгорамон нуру сафо мебахшад…

НУРОБОД
Чӣ номи хубу гӯшнавозе дорад, ин ноҳияи кӯҳистон, диёри инсонҳои самимию заминӣ.
Баъди нисфирӯз ҷониби ин мавзеъ роҳ пеш гирифтем. Ба қавли роҳбари ҳайат моро дар он ҷо интизоранд. Вақте аз Роғун берун мешудем, аз баландӣ баръало медидем, ки дар ду тарафи дарё техникаҳои зиёд саргарми коранд. Қатори зиёди мошинҳои боркаш корвони мӯрчагонро мемонанд, ки бонизом дар ҳаракатанд. Маълум, ки дар берун низ корҳо аз рӯйи нақша пеш мераванд.

Суръати мошин якбора паст мешавад.

-Роҳи вайрон сар шуд, - садои яке аз ҳамсафаронам ба гӯш мерасад.

Дар ҳақиқат роҳи ноҳамвори шағалпӯш, илова бар ин мошинҳое, ки рӯ ба рӯ меоянд ва ё пеш-пеши мо ҳаракат доранду чанги роҳро ба ҳаво бардоштаанд, ба ронанда имкон намедиҳанд, ки суръатро тез кунад.

-Ин роҳ низ ба минтақаи зери об дохил мешавад. Аз ин рӯ нақшаи ҳамвор ва асфалтпӯш кардани он дар назар нест, -лаб ба сухан мекушояд ҳамсафари дигарам ва ба дуриҳо нигариста ишора мекунад:- Роҳи нав аз он баландии кӯҳҳо мегузарад. Минтақае, ки мо ҳаракат дорем, пурра зери об хоҳад монд.
Ба гуфтаи мутахассисон, баҳри навбунёд тақрибан то ба деҳаи Навдонаки ноҳияи Рашт доман паҳн мекунад.

Дар роҳ ба сӯи Нуробод чанд деҳаеро дидем, ки дар онҳо танҳо пойдевори хонаҳо боқӣ мондаанду халос. Замоне дар ин ҷо ҳаёт ҷӯш мезад, мардум дар ҷунбуҷӯли рӯзгор буданд. Акнун сокинони онҳоро ба минтақаҳои дигар кӯчонидаанд. Ва боз қад-қади роҳ рустоҳое ба назар мерасанд, ки хонаҳояшон нимавайрон, болопӯшу болору чӯбу тахтаҳои онҳоро соҳибонашон кайҳо боз канда бурдаанд, аз таъсири барфу борон деворҳо фарсуда шудаанд, ба қавле ҳама ҷо ором, ҳатто пашша пар намезанад. Ба хаёлам дарахтони бесаробони пур аз ҳосил, бо вазидани насими ҷонбахш баргу навдаҳои хешро ҷунбонида, моро истиқбол гирифтан мехоҳанд. Агар онҳо ба забон меомаданд, бовар доштам, нахустин ҳарфашон ин буд: "Меваи моро чашед…"
Тибқи иттилои ба дастамон расида, дар марҳилаи якум аз минтақае, ки зери об мемонад, 11140 хоҷагӣ ба ҷои дигар кӯчонида шудаанд…
Баъди убури мавзеъҳои Сичароғ ва Кабудҷар ронанда суръати мошинро метезонад.

-Давоми роҳ ҳамвору асфалтпӯш аст, - мешунавем боз садои ҳамон ҳамсафарамонро, ки дар ибтидо аз вайронии роҳ моро огоҳ карда буд. Ба хаёлам ӯ аз ин роҳ борҳо гузар кардааст, ки ҳар пасту хами онро бехато медонад.

Ба ёд меорам, чаҳор сол қабл бори нахуст ба ин диёр сафар доштам. Дар бозгашт бо номи "Водии меҳр" дар ҳафтаномаи "Минбари халқ" матлабе ба нашр расонида будам, ки аз рӯзгори содда ва муҳаббати гарми мардуми ин водӣ ҳикоят мекард. Акнун хотираҳо рӯ мезананд, гузаштаи начандон дур пеши назар меояд, зиндагиро дар ин диёри кӯҳистон ба ранги дигар мебинам.

Дар даромадгоҳи ноҳия масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳти сарварии Мирзоумар Давлатзода, муовини аввали Раиси ноҳия ва гурӯҳи ҳунармандон дар ҳавои суруду мусиқӣ ҳайати журналистонро гарм истиқбол мегиранд. Мебинам, ки аввалин шуда ба истиқболи банда Махсумҷон Абдуллоев, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мешитобад. Хаёлам аз нигоҳаш нур меборад. Аз дидори ҳамдигар шод мешавем…

Имсол ба таъсисёбии Нуробод 80 сол пур шуд. Дар ибтидо ноҳия Комсомолобод ном дошт, соли 1995 ба Дарбанд ва соли 2003 ба Нуробод табдили ном кард.

Нуробод аз сатҳи баҳр дар баландии 1375 метр воқеъ гардида, иқлимаш нарм мебошад. Ин ноҳияро аз тарафи шимолу ғарб кӯҳҳои Қаротегин ва аз тарафи шарқу ҷануб кӯҳҳои Дарвоз иҳота кардаанд. Аз тарафи шимол бошад, бо шаҳри Ваҳдат, аз ҷануб бо ноҳияҳои Сангор ва Муъминобод ва аз шарқ бо ноҳияи Рашт ҳаммарз аст. Масоҳаташ 0,9 ҳазор километри мураббаъ буда, 95,1 фоизашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Қаламрави ноҳия аз Оби гарм то ноҳияи Рашт ба масофаи 71,7 км тӯл кашидааст.

Аҳолии ноҳия то ибтидои соли 2016 74461 нафар ба қайд гирифта шудааст. Ноҳия дорои 6 ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак буда, дар он 10 ташкилоти сохтмонӣ, 1 корхона оид ба таъмири роҳҳо, 1 хонаи фарҳанг, 85 муассисаи таълимӣ, 4 клуб, 43 муассисаи тиббӣ, 14 маркази саломатии деҳот, 30 бунгоҳи саломатӣ, Беморхонаи марказӣ, 2 корхонаи истеҳсоли хишт, 7 корхонаи истеҳсоли семент ва 1 сехи коркарди шир фаъолият мекунанд.

Аҳолии он асосан ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғпарварӣ машғуланд. Кишоварзони ноҳия ният доранд, ки истеҳсоли картошкаро ба 13230 тонна расонанд.

ШВЕЙТСАРИЯИ ХУРД
Ба назар чунин мерасад, ки шаҳраки Дарбанд дар як муддати кӯтоҳ симояшро ба куллӣ дигар кардааст. Ин шаҳрак аз соли 2009 ин ҷониб маркази ноҳияи Нуробод аст. Аҳолияш то ибтидои соли равон 1646 нафар буд. Тамоми идораҳои маъмурии давлатӣ то имрӯз ба ин шаҳрак кӯчонида шудаанд. Биноҳои маъмурӣ ва шахсӣ, ки тибқи лоиҳа бунёд шудаанд, ду ва сеошёна буда, ба симои шаҳрак ҳусни тоза зам мекунанд. Бинои сеошёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамин шаҳрак ҷой гирифтааст, ки лоиҳаи он дар шакли нимдавра бо зебоияш дар ҷумҳурӣ ягона аст. Бозору мағоза ва дигар нуқтаҳои савдо аз як тараф агар маҷмӯаи меъмории шаҳракро пурра кунанд, аз ҷониби дигар мушкилоти мардумро осон мегардонанд. Акнун сокинони дигар гӯшаҳои ноҳия низ ба маркази нав-шаҳраки Дарбанд одат кардаанд ва барои ҳалли мушкилоти хеш аз дуру наздик ба ин ҷо меоянд. Беморхонаи марказӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14, боғчаи кӯдакона, варзишгоҳи замонавӣ бо 5000 ҷойи нишаст, аз ҷумлаи он иншооте мебошанд, ки дар маркази ноҳия бунёд шудаанд. Бештари чорабиниҳои варзишию идонаи минтақа дар ҳамин варзишгоҳ баргузор мегарданд.

- Дарбанд дар оянда шаҳраки соҳилӣ хоҳад шуд. Зеро домони баҳри навбунёд аз поёни он мегузарад, - мегӯяд Мирзомудин Аслонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ба ҳайати меҳмонон ва нимҳазлу нимҷиддӣ илова мекунад: - Дар оянда метавонед тавассути киштӣ ба шаҳраки мо биёед.

Оре, дур нест, ки ин орзуҳо амалӣ шаванд. Дар маҷмуъ ин гӯшаи диёр бешак боз як Швейтсарияи хурд хоҳад шуд…

Алӣ Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: