Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РОҲ БА СӮИ ҚАРАМИҚ

РОҲ БА СӮИ ҚАРАМИҚ

8-11-2016, 16:07
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
РОҲ БА СӮИ ҚАРАМИҚ

Шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва зиндагии мардум мақсади асосии сафари гурӯҳи журналистон ба шаҳри Роғун ва навоҳии водии Рашт буд, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистон ва дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 20 августи соли равон сурат гирифт. Хабарнигори мо низ дар ин ҳайат шомил буд ва аснои сафар то мавзеи Қарамиқ - минтақаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон рафта, бо марзбонон суҳбат кард. Ва инак аз бардоштҳои ин сафар пораеро пешкаши хонандагон мегардонем.

ШАҲРЕ ДАР ДОМАНИ КӮҲ

ТО сафар ба шаҳри Роғун дар тасаввурам як андеша чарх мезад: кор фақат дар нерӯгоҳ дар ҳоли хурӯш аст. Аммо гумонам хато баромад. Дар даромадгоҳи ин шаҳри овозадор раиси шаҳр Билол Иброҳим ҳамроҳи муовинонаш гурӯҳи журналистонро истиқбол гирифта, ба ин гӯшаи диёр, ки фардо макони нур хоҳад шуд, хайрамақдам гуфт.

Раиси шаҳр, ки аз мактаби ҲХДТ гузаштааст, пас аз шиносоӣ изҳор дошт, ки "мақсади мо бунёдкорию ободонист, аз ин рӯ шуморо аввал бо рафти кор дар сохтмонҳои ҷашнӣ шинос кардан мехоҳем". Ҳамин тавр Билол Иброҳим рӯ ба сӯи офтобнишин ба сохтмоне ишора карда гуфт, ки ин дарвозаи шаҳр аст, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Мисли ин боз дар ҳафт иншооти дигар корҳо идома доранд, ки дар назар аст, то ҷашни Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд. Ба ғайр аз ин бунёди даҳ иншооти дигарро соҳибкорон ба уҳда гирифтаанд. Вақте вориди шаҳр шудем, дар кӯчаҳои он баръало намоён буд, ки кор дар ин ҷо ба қавле "ҷӯш мезанад". Ҳар ҷо-ҳар ҷо тӯдаи коргарон машғули заҳматанд, дар ҳолатҳои зурурӣ аз нерӯи техника истифода мебаранд.

Гурӯҳи журналистонро дар кӯчаи марказӣ ба назди бинои навсохте оварданд, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист. Дар ин бинои хуштарҳи замонавии маъмурӣ, ки аз чор ошёна иборат аст, чанд муассиса ҷойгир хоҳад шуд. Қад-қади роҳи асосӣ роҳсозон ҷӯйборҳои бетониро васл мекарданд. Дар ду минтақаи шаҳр корҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои варзишӣ, ки асосан барои бозии футболи хурд бунёд шудааст, идома доранд. Баробари партофтани гилеми сабзи сунъӣ сокинони он маҳаллаҳо метавонанд ба футбол ва ё бозиҳои волейболу баскетбол машғул шаванд. Дар паҳлӯи ин майдончаҳо ҷойи бозии кӯдакон низ ба нақша гирифта шудааст.
РОҲ БА СӮИ ҚАРАМИҚ

-Ҳамин гуна майдончаҳо ва ҷойи бозии кӯдаконро дар чор минтақаи шаҳр ба нақша гирифтаем, ки барои солимии сокинони он хизмат хоҳанд кард,-мегӯяд раиси шаҳр ва меафзояд:-Азбаски шаҳри мо дар домани кӯҳ аст, дар маркази он барои сохтмони майдони калони футбол ҷой надорем. Бунёди чунин майдони бозӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад, дар ҷамоати шаҳраки Обигарм дар назди мактаби №3 дар назар аст.
Ба хусус Кохи фарҳанг ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам кардааст. Маҳсули дастони устоҳои суғдӣ бешак писанди ҳамагон мегардад.

Аз суҳбат бо раис маълум шуд, ки масоҳати шаҳр 600 километри мураббаъ буда, он 42 ҳазор аҳолӣ дорад. Ба наздикӣ 6 техникаи замонавии коммуналӣ оварда шудааст, ки имкон медиҳад шаҳр дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ дошта шавад.

-Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёре аз ин биноҳо ба вайрона табдил ёфта буданд. Имрӯз бошад, дубора онҳоро аз таъмир баровардаем, ҳам даромадгоҳ ва ҳам намуди берунии биноҳо симои тоза гирифта, атрофи роҳравҳо гулзору сабзпӯш шудаанд, ки бо дидани он табъи сокинону меҳмонон болида мегардад, -суханашро идома медиҳад раис.

Дар ҳақиқат Роғун дар домани кӯҳҳо чун зинабоғеро мемонад, ки бо сарсабзию зебоияш касро мафтун месозад. Симои ин шаҳр имрӯз ба куллӣ дигар мешавад. Акнун сокинони он ба фарҳанги шаҳрнишинӣ одат кардаанд.

Дар Роғун барои ҳама кор пайдо мешавад. Ҳамаи 270 нафари аз Русия депортшуда, аз ҷумлаи 1800 муҳоҷири меҳнатӣ, алҳол дар ободонии диёри хеш саҳм мегузоранд.

Дар сухбат бо раиси шаҳр хостем аз ҷараёни кор дар НБО Роғун пурсон шавем, аммо раис мақсади моро магар пай бурд, ки гуфт: - Ҳар суоле, ки вобаста ба фаъолияти шаҳрдорӣ доред, омодаам ҷавоб гӯям, аммо дар бораи нерӯгоҳ беҳтараш аз масъулини он пурсон шавед.

Ҳақ ба ҷониби раис аст. Намехоҳад дар бораи ин иншооти бузургу тақдирсози миллат маълумоти нопурраро дар ихтиёри мо-рӯзноманигорон гузорад, зеро дар қатори миллионҳо нафар ҷонибдорони НБО Роғун боз нафароне ҳастанд, ки намехоҳанд ин кохи нур бунёд шавад.

Дар ҳамин ҳол Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ҳайатро огоҳ кард, ки боздид аз минтақаи сохтмони нерӯгоҳ дар барномаи сафар ҳаст.

Алӣ Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: