ЧОР ФАСЛ ДАР ЯК НИГОҲ8-11-2016, 16:29
Хабарро хонданд: 488 нафар
Назарҳо: 0
ИМСОЛ дар водӣ ба-ҳор барвақт омад. Бубинед, дар баъзе қитъаҳо баъди ғундоштани ҳосил кишти такрорӣ гузаронидаанд, - ба майдонҳое, ки аз ҷӯякҳо картошка ё лӯбиё нав неш зада баромадаанд, ишора мекунад акаи Раҳматҷон. - Агар хунукӣ каме дертар ояд, кишти дуюм ҳам самар медиҳад. Ҳамааш аз боду ҳаво вобаста аст. Бар ҳар сурат, инро деҳқонон таҷриба кардаанд, - меафзояд ӯ. Мо ба ноҳияи Тоҷикобод расидем ва пас аз чанд дақиқа аз маркази ноҳия мегузарем. Аз дур акаи Зулфиқорро мебинем, ки сари роҳи калон пешвози мо баромадааст. Чеҳрааш кушода, лабонаш пур аз табассум. Баъди чанд лаҳза мошин дар назди ӯ қарор мегирад. Мо ҳамдигарро ба оғӯш мегирем. Акаи Зулфиқор баъд аз вохӯрӣ моро сари як пиёла чой даъват мекунад ва чун мебинад, ки мо таклифи ӯро қабул надорем, мегӯяд, ки "дар кӯҳистони мо айб мешавад, агар меҳмонро нохӯрда гусел кунанд". - Дуруст аст, мо субҳонаро дар Рашт хӯрдем, насиб бошад, хӯроки нисфирӯзиро дар Лахш якҷоя тановул мекунем. Акнун мо меҳмони мардуми кӯҳистон ҳастем, - мегӯям шӯхиомез ва аз акаи Зулфиқор хоҳиш мекунем, ки моро дар идомаи сафар ҳамроҳӣ кунад. Ҳис кардем, ки ӯ кор дорад, вале таклифи моро рад карда наметавонад ва ба мошин савор мешавад. -Мо пагоҳӣ ба Душанбе равонаем. Ин дафъа дар фестивали "Андалеб" санъаткорони ноҳияи мо ҳунарнамоӣ мекунанд, - мегӯяд акаи Зулфиқор вақте ки суръати мошин оҳиста-оҳиста баланд мешавад. - Ҳеҷ гап не, аз ҳамроҳии шумо бачаҳо шод мешаванд, - лаб ба сухан мекушояд акаи Раҳматҷон. - Дар зодгоҳи мо якбора метавонед нишонаҳои чор фасли солро дар як вақт бубинед. Пешвои Миллат ин нуктаро ҳангоми як сафарашон ба ноҳияи мо баён дошта буданд, - суҳбатро идома медиҳад акаи Зулфиқор ва ба теппаҳои болои ноҳия ишора карда мепурсад, ки "барфро дидед?" Чун мо бо аломати тасдиқ сар меҷунбонем, ӯ нишонаҳои баҳору тирамоҳро низ бо ишораи ангуштонаш пешорӯи мо қарор медиҳад. Дар ҳақиқат, дар авҷи тобистон дар Тоҷикобод ҳам нишонаи зимистонро мебинему ҳам ҷилваҳои баҳору тирамоҳро. СЕРОҲА МОШИН пули азимро гузашта, таваққуф мекунад. Бо хоҳиши акаи Раҳматҷон аз дохили он берун мешавем. Вай бо ишора шарҳ медиҳад, ки мо дар сероҳа қарор дорем. -Аз ҳамин ҷо ба се самт - ба се ноҳия рафтан мумкин аст: ба Лахш, ба Рашт тавассути Ҳоит ва ба Тоҷикобод. Он ҳамворие, ки дар соҳили дарё мебинед, "молбозор" аст. Рӯзҳои истироҳат мардуми ҳар се ноҳия чорвояшонро оварда ба фурӯш мегузоранд ва ё барои зарурат мол мехаранд. Тавре мебинем, ин мавзеъ обод шуда истодааст. Дар қисмати шимолии он соҳибкорон чанд мағозаю ошхона, сартарошхона ва нуқтаҳои таъмири мошинҳоро бунёд кардаанд, ки ба мусофирону дигар роҳгузарон хизмат мерасонанд. Дар тарафи рост нафаре атрофи майдони васеъро бо хиштҳои сементӣ девор бардоштааст. Маълум, ки оянда дар ин ҷо бозор ё ягон корхона бунёд мешавад. - Сероҳа - ин роҳест ба сӯи ободӣ, озодӣ ва оромӣ. Ободӣ, яъне бунёдкорию созандагӣ; озодӣ, яъне раҳоӣ аз хурофоту каҷравиҳои мазҳабӣ; оромӣ, яъне амну осоиштагӣ, ки бе ин наметавон зиндагиро пеш бурд, - илова мекунад акаи Раҳматҷон. Зиндагӣ ҳамин тавр дар кӯҳистон ҷараён дорад. Мардум аз паи рӯзгори хеш ба ободониву созандагӣ, истеҳсолу парвариш машғуланд. Мо барои хотира дар ҳамин ҷо расм мегирем ва пиёда аз дарвозаи Лахш гузашта, ба мошин савор мешавем ва рӯ ба маркази ин ноҳия меорем. ВАҲДАТ ВАҲДАТ, яъне яго-нагӣ, муттаҳидӣ, сарҷамъӣ. Чунин ном гирифтааст маркази ноҳияи Лахш. Дар ин ноҳия солиёни зиёд ду миллат-тоҷику қирғиз паҳлӯи ҳам дӯстона кору зиндагӣ доранд. Ин мардум чунон бо ҳам омезиш ёфтаанд, ки аз лаҳҷаи хоси гуфтугӯ ва ё чеҳраашон душвор аст муайян кардан, ки ҳамсуҳбати шумо тоҷик аст ё қирғиз. Имрӯз низ ин мардум сарҷамъона дар рӯҳияи риояи эҳтироми арзишҳои миллии ҳамдигар зиндагӣ доранд ва ба сӯи фардои нек бо умед гом мениҳанд. Дар хонаводаҳо бисёр мушоҳида мешавад, ки агар падар тоҷик бошад, модар қирғиз аст ва ё баръакс. Фарзандон низ омезиш ёфтаанд. Тоҷикписар арӯси қирғиз овардааст ва ё писари қирғиз бо духтари тоҷик издивоҷ кардааст. Мафкураи ин ду миллат дар ин ҷо чунон омезиш ёфтааст, ки дар андешаҳои онҳо ҳам ифтихори тоҷикиро эҳсос мекунию ҳам фахри қирғизиро. Ваҳдатро дар ҳоле дарёфтем, ки симояш ба куллӣ дигар шудааст. Парчами дар пояи 32 метр парафшон ва фаввораҳои назди бинои ҳукумати ноҳия, якҷо бо маҷмӯи биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва навиштаҷоти дар кӯҳ насбшуда ба назар санъати зиндаи меъмориро ба ҷилва меоранд. Мо дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ аз мошин фаромада, вориди утоқи кории Насиба Ғафурова мешавем. Муаллима саргарми кор аст. Баробари моро дидан хурсанд мешаваду аз ҷой мехезад. -Муаллимаи азиз, худро "гунаҳкор"-и асосии ин вохӯрӣ меҳисобам, -мегӯям пас аз саломуалейк. -Медонам, "мақсад аз омадани шумо талаби дидор аст",-мисраи шеъриро андаке тағйир дода бо ханда посух медиҳад ӯ.- Мо сарварони комиҷроияҳои ҳизбии навоҳии минтақа ҳамеша аз ҳолу аҳвол ва фаъолияти кории ҳамдигар огоҳем. Вале эҳсос мешавад, ки ин дафъа шуморо меҳр ба ин ҷо овардааст. -Аз сафари гурӯҳи журналистон ба навоҳии минтақа хабар дорам. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ба ин вобаста шудааст,- мегӯяд Насиба Ғафурова. Бо иҷозаи рафиқон мо ба назди муовини раиси ноҳия Баргигул Аббосова меравем. -Пагоҳӣ мактуби Иттифоқи журналистон ба дастамон расид, ки шумо ба ноҳияи мо сафар доред, - мегӯяд муаллима бо чеҳраи кушода пас аз вохӯрӣ. Ба муаллима мақсади сафарамонро мефаҳмонем. Ва хоҳиш мекунем, ки хуб мешуд, агар бо зиндагии мардуми деҳот, машғулиятҳои тобистонаи онҳо, бо шароити хизмати марзбонон дар минтақаи марзии Қарамиқ ва бо ҷойҳои таърихию дидании ноҳияи Лахш аз наздик шинос шавем. -Мебинам, ки роҳи дарозро тай карда омадед, дар меҳмонхона барои шумо ҷой ҷудо шудааст, каме истироҳат кунед, баъд аз пайи кор мешавед. Мо барои амалӣ шудани нақшаҳоятон мусоидат мекунем, - посух медиҳад Б. Аббосова. Баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ акаи Раҳматҷон ва Зулфиқор Рамазонов бо мо худоҳофизӣ карда, пас мегарданд. ДАР ОИНА НОҲИЯИ Лахш моҳи марти соли 1931 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо Ҷиргатол ном дошт. Моҳи феврали соли 2016 ба Лахш табдили ном кард, яъне аз таъсиси ноҳия 80 сол пур шуд. Дар ҳудуди ноҳия 9 ҷамоати деҳот ва 1 ҷамоати шаҳрак фаъолият доранд. Аксарияти аҳолиро қирғизҳо ва 40 дарсадро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ба аққалиятҳои миллӣ ӯзбекҳо ва русҳо дохил мешаванд, ки теъдодашон хеле кам аст. Нисфи зиёди аҳолии ноҳия ҷавононанд. Машғулияти асосии мардум картошкапарварӣ, боғдорӣ ва чорводорист. Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки имсол ҳосили рекордӣ -100 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳисса мегузоранд. Дар ноҳия корхонаи коркарди тиллои "Оқтинмазор" фаъолият дорад. Мавзеъҳои тамошобоб ва чашмаҳои шифобахши ин мавзеъ бешак барои рушди туризм имконияти хубест. Инчунин дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ маркази кӯҳнавардии "Москвин" дар майдони 10 гектор доман паҳн кардааст. Ҳамасола бо мақсади фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ сайёҳони зиёд аз дохилу хориҷи мамлакат ба ин ҷо меоянд. Масалан, соли 2015 75 нафар сайёҳони кӯҳнавард аз 12 кишвари дунё, имсол бошад, 158 нафар аз 16 давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Лаҳистон, Британияи Кабир, Канада, Исроил , Чехия ва Словения дар экспедитсияи кӯҳнавардӣ, ки тибқи нақша то соли 2020 гузаронида мешавад, иштирок карданд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ дар баландии 7495 метр аз сатҳи баҳр дар ҳудуди шимолу ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ гардида, то соли 1962 ҳамчун "Қуллаи Сталин" ёд мешуд. Он баъдан ба "Қуллаи Коммунизм" табдили ном кард. Аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соли 1991 бо арҷгузорӣ ба нахустин поягузори давлати тоҷикон Қуллаи Исмоили Сомонӣ ном гирифт. ПАВЕЛ БАРГАШТ, ВАЛЕ ТАНҲО… ИМСОЛ барои кӯҳна-вардони рус омад накард, - мегӯяд муаллими забони англисӣ Ислом Сафаров, ки ҳозир аз экспедитсия баргаштааст. Ӯ гурӯҳи кӯҳнавардони Британияи Кабирро ба ҳайси тарҷумон роҳбаладӣ мекард. Чанд сол аст, ки Ислом дар вақти таътили тобистона ба кӯҳнавардон ба сифати тарҷумон хизмат мерасонад ва аз ин ҳисоб рӯзгорашро пеш мебарад. Онҳо дар гурӯҳ се нафар буданд - Павел Цветов, Наталя Цветова ва Михаил Волков. 14 август бар асари лағжиши тарма Михаил ва Наталя зери он монданд. Ба иттилои Шӯрои рушди туризми Тоҷикистон ҷасади Волковро рӯзи 22 август аз назди пиряхи Орҷоникидзе ёфтанд, аммо аз Наталя Цветова нишоне пайдо накарданд. Ҳамин тавр, ин сафар Павел бо ғаму андӯҳ танҳо баргашт. Агар умр боқӣ бошад, соли оянда ӯ ба ин ҷо бармегардад, бо умеди он ки ҷасади ҳамсарашро баъди об шудани тарма пайдо кунад... Алӣ Ҷӯра
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.