Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Деваштич

Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Деваштич

8-11-2016, 15:18
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
	   Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Деваштич

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич ҷашни мубораку фархунда 22-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳия мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам Боймурод чорабини мазкурро ифтитоҳ намуда дар суханронии хеш қайд кард, ки боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсияи навро қабул ва худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони эълон намуд ва дар моддаи аввали Қонуни асосии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буданаш қайд гардид. Дунявӣ будан, барои таҳкими робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роҳи васеъ кушод. Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи худ ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро табрику муборакбод намуда сиҳатмандӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.
	   Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Деваштич

Дар охир барномаи фарҳангии ботаровати савту суруд ва назму наво, ки аз ҷониби аҳли санъати ноҳия ба истиқболи 22-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда буд, манзури ҳамагон гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: