Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади муқаддаси миллати тоҷик»

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади муқаддаси миллати тоҷик»

6-11-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
 «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади муқаддаси миллати тоҷик»

Дар ташкилоти ибтидоии «Минтақаи 53»-и шаҳраки Политехникум– зери мавзӯъи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади муқаддаси миллати тоҷик» мизи мудаввар бо иштироки аъзоёни ҳизб доир гардид.

Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Абдумаҷид Муминов аз рӯи мавзӯъи чорабини «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — санади муқаддаси миллати тоҷик» ибрози андешарони намуда, аз ҷумла Конститутсияи давлатии мо дар шароити басо вазнин таърихӣ барои миллати тоҷик таҳия ва қабул гардид. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурпи Тоҷикистон яке аз масъалаҳои хеле муҳими рӯз таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб мерафт. Эълони Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ бори аввал дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба масъалаҳои сохтори давлатй, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, қабули Конститутсияи нав таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Абдумаҷид Муминов ҳамчунин зимни баромади хеш ёдовар шуд, ки ибтидои соли 1992 гурӯҳи кории мустақил оид ба таҳияи лоихаи Қонуни асосии кишвар таъсис ёфт. Ин гуруҳ лоиҳаи Конститутсияро дар тули ним сол таҳия намуд ва он барон баррасӣ дар матбуот нашр шуд. Вале, мутаассифона, даргириҳои дохилӣ имкон надоданд, ки ин лоиҳа аз ҷониби мардум баррасӣ ва пазируфта шавад. Ин масъала пас аз барқарор гардидани сохти конститутсионӣ дар кишвар дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дар назар гирифтани нақш ва мавқеи Конститутсия дар роҳи поятузорӣ ва устувории давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изхор дошта буд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати демократи, хуқуқбунёд ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изхор мекунам, ки асоси эчоди ин навъ давлатро Конститутсия нави ҷумҳурӣ мегузорад». Инчунин ӯ таъкид намуд, ки таъмини оромиву осудагии мардум, бартараф кардани оқибатҳои ҷанг, расидан ба ваҳдати миллӣ, барқарор намудани хочагии халқ, зузаштан ба иқтисоди бозорӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки бо қабули Конститутсияи нав бояд ҳалли мусбати худро меёфтанд. Аз ин рӯ, моҳи июни соли 1993 қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили комиссияи нави конститутсионӣ оид ба омодасозии лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. 20 июни соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ва дар ин замина ҳайати Комиссияи конститутсионӣ дар раъси коршиносон ва ҳуқуқдонҳои варзида, бо дар назар гирифтани вазьи мавҷуда. дурнамои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва ичгимоию фархангии кишвар лоиҳаи Конститутсияи навро таҳҳия намуд. Баъди таҳлили амиқ ва баррасии ҳамаҷониба. 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раьйпурсии умумихалкӣ қабул гардид.

Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон— ҳамчун санади муқаддаси миллати тоҷик асоси ҳастии милатро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодиҳои ннсон ва шахрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин падидаи таърихии миллатро ба сифати вокеаи бузург маънидод намуда, ёдрас шуданд, ки: «Халқи тоҷик дар таърихи беш аз хазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6- ноябри соли 1994 қабул карда, Президентӣ ҷумҳуриро интихоб намуд. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

Аз ҷумла ӯ ёдовар шуд, ки Конистутсия – ҳамчун санади олии хукукӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири мутахассисони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо ба баҳои баланд сазовор гардидааст. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иктисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

Инчунин дар рафти чорабини дигар аъзоёни ҳизб низ фикуру андешаҳояшонро байён намуданд. Аз ҷумла Мардонова Лайлӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки Конститутсия заминаи эчоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуку озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Кониститутсия ҳамаи дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятиро дар худ таҷассум намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмин менамояд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳоло Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми арзишҳои байналмиллалӣ ва мутобиқ ба анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик буда, ҳамаи меъёрҳои он ифодакунандаи мақсад, вазифа, ҳадаф ва орзуву ормонҳои деринаи халқамон ба ҳисоб мераванд. Инчунин дар фарҷоми чорабини таъкид карда шуд, ки агар ҳар яки мо аз рӯи Қонуну қарорҳои амлкунандаи давлатамон кору рафтор намоем, зиндагиамон рангинтар ва давлатамон рушду тарақи менамояд.

Дар фарҷоми чорабини бо роҳи дуруст роҳандози намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, ҷиҳати амали намудани ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба 5- нафар фаъолони шаҳрак, ки ба узвияти ҳизб пазируфта шуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиашон супорида шуд.

Мудири шӯъбаи
таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино
А.Муминов






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: