Ҷашни Истиқлолият дар Деваштич16-09-2016, 14:01
Хабарро хонданд: 462 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Деваштич чун ифтихор аз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 сол сипарӣ гашт корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи соҳибихтиёрӣ махсусан баъди пойдор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ суръати ҳамаҷониба гирифт. Дар ин давра бо роҳи сохтмони асосӣ, ҳашарҳои умумӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва кӯмаки ташкилотҳои байналхалқӣ беш аз 80 иншоотҳои мактабу маориф ва 23 иншоотҳои ҳифзи сиҳатии омма сохта таъмиру таҷдид шуданд. Беш аз 20 лоиҳаи хатти оби нӯшокӣ амалӣ карда шуда, роҳу кӯпрукҳо сохтаю таъмиру тармим гардиданд. Мардуми ноҳия боз аз он ифтихорманданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ муассисаҳои таълимии №53, 20, 46, иншооти ҳаётан муҳими зеристгоҳи барқии 500кВт Ҷануб-Шимол, мумфаршкунии 5км роҳи маркази шаҳраки Ғончӣ, таъсиси ҶДММ «Файзи Далён» бо иштироки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғозу мавриди истифода қарор гирифтанд. Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода дар баромади табрикотии хеш, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия ҷараён гирифт, анна ҳамин дастовардҳои мардуми шарифи ноҳияро ба забон овард. Намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аловуддин Сатторӣ аз номи Сарвари давлат ҳамагонро табрику таҳният гуфта, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Болтубой Юлдошев табрикоти Раиси вилоятро ба самъи умум расонид. Дар ҳамин ҷо ба Сарвари Литсейи касбӣ-техникии №64-и ноҳия Садриддин Ҳикматуллоев Ифтихорномаи Раиси вилоят супорида шуд. Дар роҳпаймоии идона зиёда аз 7000 нафар ширкат варзида, ҷомеаҳои меҳнатӣ тамоми дастовардҳои фаъолияти даврони соҳибистиқлолии хешро ба тамошобинону меҳмонон намоиш додан ва бо ҳамин дар таҷлили ҷашни фархундаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шукуҳу шаҳомати тозае бахшиданд. Барномаҳои адабию фарҳангӣ басо рангину хотирмон гузашта, моҳиятан тараннумгари давлати ободу озоду шукуфон буданд. Инчунин баҳри қадршиносии кору аъмоли самаранок ва хизматҳои шоён ба халқу Ватан 7 нафар собиқадорони меҳнат бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Ҷашни Истиқлолият дар ноҳияи Деваштич бо шукргузорӣ аз даврони соҳибихтиёрӣ, ки неъмати бебаҳои таърих ва орзую ормонҳои миллат буд бошукуҳона таҷлил гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.