Шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон22-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Умед Давлатзод шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Директори Муассиса Ҷамшед Ҷурахон маҷлисро ифтитоҳ бахшида, бандҳои мухталифи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати кормандони Муассиса баён намуданд. Ҳамчунин Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ба таври муфассал шарҳи пурраи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандони Муассиса ироа намуданд. Инчунин қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) худро қабул намуд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 10 боб ва 100 модда иборат буда барои боз ҳам беҳбуд бахшидан ба рушду нумӯи ҷомеаи демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва ҳуқуқу озодиҳои инсон 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Дар Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои ҳаёт, рушду нумӯ, суботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба меъёрҳои ҳуқуқи қонунгузорӣ ифода гардидааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва дар байни конститутсияҳои ҷаҳон ба шумораи 10 Конститутсияи беҳтарин ворид гардида дар ҷаҳон маъмулу машҳур гардидааст. Имрӯз ҷомеаи муосири Тоҷикистон руз аз руз рушд меёбад. Аз ин лиҳоз бо мақсади рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи ҷомеа, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон меъёру санадҳои қонунгузории худро бо мақади баланд бардоштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҷомеа ва арзишҳои умумибашарӣ мувофиқу мутобиқ менамояд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму такмили рукнҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди ҷомеа, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати мардум, мукаммалу самаранок гардонидани асосҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низому муносибати ҳамкориҳои мутақобила, рушди забони давлатӣ, мутобиқ намудани истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ зарур донист, ки бо пешниҳоди лоиҳаи тағйиру иловаҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда дар баррасии умуми мардуми шарифи Тоҷикистон гузорад. Албатта дар якҷоягӣ ва сарҷамъии мардум баррасӣ намудани тағйиру иловаҳо ба Конситутсия ва баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ, (санаи 22 майи соли 2016) ин яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Айни замон аз ҷониби МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки он иборат аз 72 тағйироту иловаҳо дар 40 моддаро ташкил медиҳад. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида он ба баррасии умумихалқӣ гузошта шуд. Дар охир Директори Муассиса Ҷамшед Ҷурахон қайд карданд, ки аҳли кормандони Муассиса аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда барои боз ҳам беҳбуд бахшидан ба рушду нумӯи ҷомеаи демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва ҳуқуқу озодиҳои инсон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, санаи 22 майи соли 2016 дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок менамоянд ва раъйи худро баҳри фардои гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз хоҳанд дод. Боймурод Боев, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.