АКСИЯИ ҲИЗБӢ25-10-2016, 12:23
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони ватан»- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар Коллеҷи тиббии ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем» баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, раиси Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони ватан»- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шодибек Чуллаев, узви ҲХДТ-директори Колеҷи тиббии ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанов Ҳомидҷон ва мудири бахши иттилоотӣ, таблиғотӣ ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Муродбек Давлатов иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни Аксия қироати шеърҳо аз асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома», баромадҳо аз рӯи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳначаҳо аз рӯи китобҳои номбурда ва баромадҳо дар мавзӯи Ватан-Модар пешкаши аҳли толор гардонида шуд. Дар охири чорабинӣ ба 30 нафар ҷонибдорони ҲХДТ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда ғолибони озмун сазовори ифтихорнома ва мукофотҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.