Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ду асари бузурги миллат

«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ду асари бузурги миллат

24-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ду асари бузурги миллатМо мардуми хушбахту сарбаланди тоҷик шукргузор аз он ҳастем, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва тинҷиву осудагӣ кору фаъолият намуда дар канори Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар бурда истодаем.

Дар шаҳри Кӯлоб чандест, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ду асари бузурги миллат«Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» баргузор гашта истодааст.

Дар толори Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» доир гардид.

«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ду асари бузурги миллатДар Аксия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева С., директори Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷаби Асозода, таърихшинос Шоинов Ҳасан, директори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидов С. ва устоди Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии шаҳри Кӯлоб Нозим Талаб иштирок карданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада қайд кард, ки Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» дар шаҳри Кӯлоб ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намудааст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пеш аз ҳама кӯшиш менамояд, ки ба оммависозии хониши ин ду асари бузурги миллат мусоидат намояд.

«Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ду асари бузурги миллатБаъд аз баромадҳо китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба марази тамошо гузошта, дар баробари ин қироати порчаҳои шеърӣ аз достони безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби хонандагон ва баромадҳои кормандони Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб дар мавзуи «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» китоби рӯйимизии мост» ва иқтибосҳо аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: