Муаллим – сарвару саркори инсон4-10-2016, 16:08
Хабарро хонданд: 358 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари кишвар иди омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҷиҳати ҳавасманд намудани аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кору фаъолият мебаранд, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи омӯзгор, ширкат варзида, ҳамаи омӯзгоронро ба ифтихори иди касбиашон табрику муборакбод намуд ва ба якчанд омӯзгорон, аъзоёни фаъоли ҲХДТ сипосномаҳои кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд. Дар воқеъ муаллим, омӯзгор –вожаҳое, ки барои инсон ошною муқаддас. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ шахсест, ки дар баробари волидайни мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст. Идатон муборак омӯзгорони азиз. Муаллим сарвару саркори инсон, Муаллим номбардори азизон. Ба даҳри беҳудуду олами даҳр, Муаллим ҷамъи ахбори парешон. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.