Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нақши омӯзгор дар раванди таълиму тарбия

Нақши омӯзгор дар раванди таълиму тарбия

11-01-2019, 10:55
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Нақши омӯзгор дар раванди таълиму  тарбия

Тарбия дар раванди корҳои педагогӣ нақши муҳим дорад. Моҳият, мавқеъ ва нақши ин равандро аз сохти раванди умумии ташаккули шахсият муайян кардан мумкин аст. Зеро он ҷараёни мақсадноки ташаккулёбии шахсият маҳсуб меёбад ва дар он ҳамкории идоракунанда ва назоратшаванда, яъне тарбиятгар ва тарбиятгирандагон ба мушоҳида мерасад, ки мақсади асосиро ташаккул додани шахсият дар ҷомеа, ҳамчун як масъалаи зарур ва муфид ташкил медиҳад. Дар адабиёти педагогии солҳои пеш аз Истиқлолият нисбати раванди тарбия чунин андеша роиҷ буд, ки тарбияи мактабиён мувофиқи мақсади гузоштаи ҷомеа бояд муташаккилона ва мақсаднок роҳандозӣ шавад. Андешаи мазкур аз нигоҳи имрӯза чандон саҳеҳ нест. Муқоиса крдани мафҳуми ҳамкорӣ ва роҳбарӣ фарқ дорад. Ҳамкорӣ, чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, инъикоси мураккаби тарбиятгар ва тарбиягирандаро ифода менамояд, ки дар тарбияи насли наврас нақши муҳим дорад. Дар фаҳмиши имрӯза тарбия маҳз зимни ҳамкории тарбиятгар ва тарбиягирандагон ба мақсади гузошташуда самараи дилхоҳ медиҳад.

Раванди тарбия чандин хусусият дорад. Пеш аз ҳама, ин раванд мақсаднок мебошад, зеро самарабахшии онро бештар роҳу усули ташкил намудани тарбия таъмин мекунад. Махсусан мақсади тарбияи ягона ҳангоми ҳамкории тарафайн дар ҷараёни амалӣ намудани он ба миён меояд.

Дар айни замон ба ақидаи педагогон раванди тарбия ҷараёни бисёромилест, ки ба он оилаҳои мушаххасу сершумор ва далелҳои субъективӣ ворид мегарданд ва бо маҷмӯи амалиётҳои мураккаби худ ба он мутобиқат мекунанд. Муқаррар шудааст, ки омилҳои субъективӣ ба таври мувофиқ талаботи ботинии шахсиятро, ки дар шароити муайян зиндагӣ дорад ва ташаккул меёбад ифода намуда, дар ҳалли вазифаҳои тарбиявӣ ёрӣ мерасонанд.

Дар таълиму тарбия ягон коре нест, ки бе тайёрии пешакӣ гузарад. Тайёрии пешакӣ ин омодагии мукаммал, нақшаи кори муайян, мақсад ва фикру андеша оид ба кори иҷрошаванда ва лаҳзаву қисматҳои он мебошад. Ин масоилро беистисно ҳар як омӯзгор бояд қабл аз ба дарс ҳозир шудан хуб донад . Ҳамин ҷиҳати масъала новобаста аз синну сол ва дараҷаи таҷрибанокӣ омӯзгоронро водор месозад, ки ба дарс ҳаматарафа омодагӣ бинанд ва мувофиқи нақшаи кашидашуда корҳоро ба анҷом расонанд. Барои ташкили дарси шавқовару ҷолиб муаллимро зарурат пеш меояд, ки бо вуҷуди хуб донистани мавзӯи тадрисшаванда, онро пеш аз машғулияти навбатӣ бо низоми муайяне, ки талаботи имрӯза тақозо дорад, тарҳрезӣ карда, дар раванди таълим роҳу усулҳои фаъоли замонавиро корбаст намояд.

Мавриди зикр аст, ки истеъдод худододист, аммо ба омӯзгор барои соҳиби маҳорат ва малакаи хуби педагогӣ гардидан заҳмату машаққати зиёд ва давраи муайяни вақт лозим аст. Барои ин омӯзгор бояд ҳам фанни худро хуб донад ва ҳам ба таълими он шавқу рағбати беандоза дошта бошад. Дар ҳолати дорои чунин хусусиятҳо будан омӯзгорро пешравиҳои касбӣ интизор аст. Зеро ҷалб карда тавонистани шогирдон ба дарс аз раванди дарси омӯзгор вобастагии зиёд дорад. Мисраъҳои мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба андешаи мо тақвият мебахшанд. Ба қавли шоир ҳатто диққати шогирди заифу сустхонро ба воситаи дарси пурмазмун ва муносибати дурусти омӯзгор ҷалб намудан мумкин аст, яъне тавассути дарси пурмуҳтаво ҳатто дар рӯзи истироҳат(рӯзи ҷумъа дар даврони пешин ҳамчун рӯзи истироҳат қабул гардида буд) шогирди дарсгурез ҳам майли мактабравӣ пайдо хоҳад намуд:

Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.


Тайёрии қабл аз дарс ба муаллим имкон медиҳад, ки мавқеи дарсро дар байни силсилаи дарсҳо муайян карда, пешакӣ дар хусуси чӣ тавр фаҳмонидани мавзӯъ, мустаҳкам намудани он, бо кадом роҳҳо пурсидани мавзӯи гузашта, супоридани вазифаи хонагӣ мулоҳиза намояд ва тарз, усулҳову воситаҳои мувофиқро интихоб кунад. Муаллим бояд мундариҷа ва омӯзиши пайдарҳами фанҳои таълимиро хуб тасаввур карда, донад, ки минбаъд таълими айни замон ба роҳ мондааш дар донишандӯзии ояндаи шогирдонаш ва пешрафти онҳо чӣ хизмате мекунад.

Ҳар фанни таълимӣ мақсад ва вазифаи муайяну мушаххас дорад. Яке дар хонандагон нутқро инкишоф медиҳад, дигаре фикронии мантиқӣ, сеюмин диди зебопарастӣ, чаҳорумин бошад, маҳорату малакаҳои ҳаракати узвҳоро ташаккул медиҳад. Дар маҷмӯъ ҳар як фан дар алоқамандӣ бо ҳамдигар омӯзонида шуда, дар зеҳни шогирдон дониши ба худ хосро пайдо менамояд ва ҷаҳонбинии илмии онҳоро васеъ мегардонад.

Муаллимро зарур аст, ки таваҷҷӯҳи худро ба масъалаи ҷиҳатҳои тарбиявии мавзӯи таълимӣ равона намояд ва барои ба воситаи мазмуни нав ба вуҷуд овардани хислати нек дар хонанда кӯшиш ба харҷ диҳад. Дар умум тайёрии муаллимро ба ду марҳила ҷудо кардан мумкин аст:

1.Мувофиқи барномаи таълимӣ мураттаб сохтани нақшаи тақвимии мавзӯъҳои пешбинишуда, ки барои онҳо соатҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. Муайян намудан ва нишон додани миқдори соатҳои умумӣ ва пайдарпаии омӯзиши онҳо.

Инчунин шиносоӣ бо барнома ба муаллим равшану маълум мегардонад, ки дар кадом машғулият бояд дониши назариявӣ дода шавад ва дар раванди кадом машғулият корҳои мустакилона, таҷриба, машқҳо ва мушоҳидаву таҳлилҳо роҳандозӣ шаванд.

Накшаи тақвимӣ-мавзӯӣ, номи мавзӯи ҳар дарс, мақсаду вазифаҳои дарс, тарзи баёни мавзӯъ, корҳои мустақилона, истифодаи воситаҳои аёнӣ, шаклҳои назорату санҷишӣ, азхудкунии мавзӯъ, вақти гузаштани дарс, додани вазифаи хонагӣ ва эзоҳашро дар худ акс менамояд.

Нақшаи тақвимӣ-мавзӯӣ омӯзиши муназзами фанни таълимиро таъмин намуда, ба муаллим шарту шароит фароҳам меорад, ки аз рӯи он ба ҳар дарс тайёрӣ бинад ва кораш ҳангоми дарс осонтар шавад.

2.Марҳилаи мураттаб сохтани нақшаи дарс, ки ба нақшаи тақвимӣ- мавзӯӣ вобастагӣ дорад, барои муаллим шароит фароҳам меорад, ки доир ба ин ё он мавзӯъ нақшаи муайяни дарси яксоатаи худро бисозад.

Дар нақшаи дарс мавзӯъ ва мазмуни он навишта шуда, мақсаду вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявии дарс муайян карда мешавад. Дар баробари ин навъи дарс ва сохтори он акс ёфта, равиши дарс бо қисматҳои ташкилии он нишон дода мешавад.

Хулоса, муаллим дар нақшаи дарс номи мавзӯъ, мақсаду вазифаҳои дарс, таҷҳизоти дарс (аёният ва воситаҳои техникӣ), равиши дарс (лаҳзаҳои он паси якдигар ва мувофиқи хели дарс), саволҳо барои санҷиши вазифаи хонагӣ ва баъзе маслиҳатҳоро қайд хоҳад кард. Зиёда аз ин дар нақшаи дарс мисолҳо, супоришҳо, машқҳо, хели баёни мавзӯъ ва ғайра оварда мешавад.

Муаллим дар нақша вобаста ба лаҳзаҳои ташкилии дарс фаъолияти яксоатаи худ ва кор бо хонандагонро муфассал нишон медиҳад.

Хусусан ин ҷиҳати масъала ба муаллимони ҷавон аҳамияти пурарзиш дорад, чунки дар солҳои аввали фаъолияти омӯзгорӣ нақшаи дарси яксоата кӯмакрасони беминнат маҳсуб меёбад.

Дар нақшаи конспект мавзӯъ дода мешавад. Дар конспект баъзе нуқтаҳои асосӣ, иктибосҳо ва ифодаҳое, ки дар назари муаллим душвор менамоянд, сабт мешавад. Конспект танҳо барои муаллим хизмат менамояд ва дар раванди дарс муаллим ба он такя мекунад, аммо ин маънои онро надорад, ки муаллим бояд побанди он ва ба ибораи дигар «ғуломи конспект» гардад.

Ҳар як муаллим бояд маҳорати тартиб додани нақшаи дарс ва конспектнависиро аз худ намояд, зеро он қадами аввали ташкили дарси босифат маҳсуб меёбад. Барои таъмини сифати баланди дарс таҷрибаи сол ба сол замшудаи омӯзгор хизмати амалӣ мерасонад. Ҳар дарси муаллим дорои муваффаққият ва камбудиҳои ба худ хос мебошад, ки дар баробари мушоҳида намудани норасоии дарси гузашта омӯзгор бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки онро сари вақт бартараф намояд ва дар баробари ин маҳорати хешро сайқал диҳад. Дониши мукаммал ва маҳорати хуб мартабаи омӯзгорро ҳам дар назди шогирд ва ҳам дар назди ҳамкасбон баланд мебардорад. Ба таври дигар омӯзгор тавассути дарси беҳтарини хеш байни ҳамкасбон шуҳратёр мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: