Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Иди омӯзгор ва ҷашни забонро истиқбол мегирем

Иди омӯзгор ва ҷашни забонро истиқбол мегирем

6-10-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 621 нафар
Назарҳо: 0
Иди омӯзгор ва ҷашни забонро истиқбол мегиремСанаи 5 октябри соли 2015 бо ташаббуси якҷояи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толори Театри вилоятии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи С. Вализода чорабинии тантанавӣ-фарҳангӣ бахшида ба иди омӯзгорон ва ҷашни забон доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева, омӯзгорон ва маорифпарварони шаҳр иштирок доштанд.
Тавре дар рафти чорабинӣ зикр гардид, 5-уми октябр барои миллати тоҷик санаи таърихӣ ва рӯзи ҷашнҳои бузурги давлативу миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар ин сана мардуми кишвар аз рӯзи бузургдошти забони давлатӣ ва иди омӯзгор ҷашн мегиранд, ки ин ҳар ду ид бо ҳамдигар хеле умумиятҳои зиёд доранд. Яъне бақои забони тоҷикӣ ва дар заминаи он бақои миллату давлати тоҷикон аз посдории забони модарӣ тавассути омӯзгорони донишманди тоҷик таъмин гардидааст. Аз ин рӯ, Раиси ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам баланд намудани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ҳамвора чораҳои зарурӣ андешида, таъкид доштаанд, ки «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Ин суханони омӯзгори бузург ва раҳнамои миллати мо бори дигар аз хиради азалии маърифатпарваронаи халқи тоҷик, ки дар тули асрҳо тақвият ёфтааст, шаҳодат медиҳад.
Дар рафти чорабинӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб як қатор шахсиятҳои маорифпарвари шаҳри Кӯлобро бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.
Дар поёни чорабинӣ барномаи театрии «Солори аҷам» бахшида ба аҳвол ва осори Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ба намоиш гузошта шуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: