Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Валид Муаллим: Мудохилаи ҳарбӣ ба Сурия беҷавоб нахоҳад монд

Валид Муаллим: Мудохилаи ҳарбӣ ба Сурия беҷавоб нахоҳад монд

8-02-2016, 05:00
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Валид Муаллим: Мудохилаи ҳарбӣ ба Сурия беҷавоб нахоҳад монд
- Истифодаи қувваи ҳарбӣ дар Сурия бе иҷозати Димишқ ҳамчун таҷовуз ҳисобида шуда, ба чораҳои сахти ҷавобӣ хоҳад овард,- изҳор дошт вазири корҳои хориҷии кишвар Валид Муаллим. Ба гуфтаи ӯ, ин амали он қадар дурандешона нест ва баъзе кишварҳоро набояд «ҳавову ҳавас»-и роҳандозӣ намудани чунин иқдом домангир бошад. Ба қавли ӯ, артиши кишвар дар акси ҳол таҷовузгаронро дар «тобутҳои чӯбин» бозпас хоҳад гуселонид.

Намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков гуфтааст, ки асосҳои ҷиддие мавҷуданд, ки тибқи онҳо Туркия барои ҳамла ба хоки Сурия омодагӣ мегирад. Дар ҳамин асно Арабистони Саудӣ низ тайёр будани худро барои иштирок кардан дар амалиёти ҳарбии заминӣ дар ҳайати эътилофи байналмилалӣ таҳти сарварии ИМА дар Сурия эълом доштааст. Баҳрайну Аморати Муттаҳидаи Араб низ омодагиҳои худро дар амалиёти заминӣ изҳор дошта, сафи «хоҳишмандон» айни замон рӯ ба афзоиш аст.
©Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: