Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шароити мусоиди кор - асоси пешрафт

Шароити мусоиди кор - асоси пешрафт

22-09-2016, 16:37
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
Шароити мусоиди кор - асоси пешрафт

Бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мустаҳкам кардани заминаи моддию техникӣ ва маъмурии ҳизб кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тариқи ҳашар ба сохтмони биноҳои ҳизбӣ иқдом карда истодаанд. Аз ҷумла, то имрӯз дар шаҳру навоҳии Қумсангир, Қубодиён, Носири Хусрав, Хуросон, Ҷомӣ, Ҷиргатол, Фархор, Сарбанд, Айнӣ, Файзобод биноҳои маъмурии ҳизб сохта, ба истифода дода шуда истодаанд.
Инак, дар ин маврид аз вилояти Суғд хабари нав омад. Дар ноҳияи Ашт ба тариқи ҳашар ва бо маблағгузории фаъолони ҳизбу соҳибкорони саховатманд дар мудати кӯтоҳ идораи комиҷроияи ҳизбӣ бунёд карда шуд.
Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Сабоҳат Қаробоева зимни кушоиши бинои ҳизбӣ дар назди фаъолони ҳизб ва ҷонибдорони он дар бораи вазъи сиёсию иҷтимоии ноҳия, мусоидатҳои ташкилоти ҳизбӣ ба таҳкими оромию субот, фаъолияти созмонҳои ибтидоӣ дар остонаи ҷашну маросимҳои ҷумҳуриявӣ ва омодагии онҳо ба маъракаҳои сиёсӣ, перомуни пешрафтҳо ва баъзе нуқсонҳои фаъолияти созмонҳои ибтидоии ҲХДТ дар ноҳия изҳори назар намуда зикр карданд, ки муваффақияти ҳама гуна созмону воҳидҳои корӣ дар қаламрави ноҳия ба фаъолияти пурсамару содиқонаи ҳар як узви ҳизб ва шароити мусоиди корӣ вобастагии калон дорад.
Бинобар ин, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии моро лозим аст, ки то Маҷлиси навбатии КИМ, ки дар моҳҳои ноябр-декабр ба нақша гирифта шудааст, бори дигар фаъолияти сиёсию таблиғотиро дар ҳамаи корхонаю муассисаҳо бознигарӣ намуда, ба он муваффақ гарданд, ки камбудиҳои ҷойдошта комилан бартараф карда шаванд. Барои дар муборизаҳои сиёсӣ муваффақ шудан лозим аст, ки ҳар узви ҳизб пеш аз ҳама фаъолияти худашро дар созмонҳои ҳизбӣ ҷоннок намояд, маърифати сиёсию ҳуқуқии худро баланд бардорад. Кору фаъолияташро танҳо дар чорчӯбаи қонунҳо роҳандозӣ намояд.
Чанд рӯз пеш мо бо шукуҳу ҷалоли хосса 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем. Бо шарофату баракати Истиқлолияти давлатӣ дар саросари кишвар иншоотҳои гуногуни таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ ба истифода дода шуданд. Бо ин васила садҳо ҷойи кори нав фароҳам оварда шуд. Сатҳи зиндагии мардум боз ҳам баланд гардид.
Ба истифода дода шудани бинои хуштарҳу замонавии ҳизбии ноҳия давоми мантиқии ҳамин бунёдкориҳо буда, барои кулли аъзои ҳизб ва ҷонибдорон туҳфаи арзанда ба ҷашнҳои миллиамон мебошад. Бояд гуфт, ки ин ташаббуси ҳизбиёни ноҳияи мо дар остонаи ҷашни муборак барои боз ҳам беҳтар ва самарабахш гардидани фаъолият ва сафарбарии мардум ба амалҳои созанда мусоидати бештар менамояд.
Бояд таъкид намоям, ки ташаббуси ҳизбиён дар ин кори хайр аз ҷониби узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Азимбой Азизӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт, ки аъзо ва ҷонибдоронамонро хеле руҳбаланд мегардонад. Боиси хушнудист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 25 сол дар тамоми самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадамҳои устувор гузошта, эътибору нуфузи он дар минтақа ва дар арсаи байналхалқӣ беш аз пеш афзоиш ёфта истодааст.
Албатта, ҳамаи ин аз шарофати истеъдоду маҳорат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон ҷомаи амал пӯшид, ки имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш гаштем.
Раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сабоҳат Қаробоева дар идомаи суҳбат афзуд, ки ин воқеият аз мо ҳамчун аъзои ҳизбе, ки сарварии онро чунин марди фидоӣ ва фарзона ба уҳда доранд, тақозо менамояд, ки ба ин давлату ба ин ҳизби ормонҳои мардум садоқатмандона хизмат намоем. Тоҷикистон сарфи назар аз ҳамаи монеаву мушкилоти мавҷудаи объективӣ азми қавӣ дорад, ки бо бунёди иншооти гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, рушди саноати миллӣ, пешбурди кишоварзӣ ва тараққӣ додани саноати ватанӣ мақсади ниҳоии худ, яъне зиндагии шоиставу арзандаи аҳолиро, ки яке аз самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, таъмин намояд.
Дар ҳамин замина ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мо тамоми чораҳоро мебинад, ки аъзо ва тарафдорони он дар ҳамаи маъракаҳо фаъолона иштирок намоянд ва дар тақвияти ҳувияти миллӣ, хештаншисонӣ, ватанпарастӣ, вусъати амалҳои бунёдкорона ва созанда нақши шоистаи худро гузоранд. Ба он муваффақ мегардем, ки тамоми мардум дар атрофи ғояҳои баланду созандаи Раиси ҲХДТ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бештар муттаҳид шаванд, то ки ин амал таконе барои вусъати минбаъдаи фаъолиятҳои мо гардад...
Мусаллам аст, ки дар ҳамаи пешравиҳои мамлакат нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле бузург аст. Зеро ҳизби мо аз оғози таъсис қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохта, имрӯз ба як нерӯи сиёсии бонуфуз ва тавонои кишвари тозаистиқлол табдил ёфтааст. Алҳол шумораи он ба 450 ҳазор нафар мерасад. Аксарияти кулли аъзои ҳизби мо бешак шахсиятҳои соҳибэътибор ва ба кори ҳизб содиқ мебошанд.
Мо дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа - зиёиён, коргарону деҳқонон, соҳибкорон ва ғайра аъзо дошта, дар дурдасттарин манотиқи кишвар, дар корхонаю муассисаҳо, хоҷагиҳои кишоварзӣ, дар маҳалли зисти шаҳрвандон - ҷамоату шаҳракҳо ва маҳаллаҳои шаҳрӣ қариб 5 ҳазор ташкилотҳои ибтидоӣ дорем. Дар ҳамин замина гуфтан мумкин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз, бидуни баҳс, қавитарин, сернуфузтарин ва фаъолтарин нерӯи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад.
Бояд зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Ашт бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, такмили коргузорӣ, баргузор намудани чорабиниҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, тарғиби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ташаббус нишон дода истодааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияи Ашт раванди аъзошавӣ ба ҳизб хуб аст. Он тамоюли зиёдшавӣ дорад. Ҳоло аъзои ҳизб дар ноҳия ба 8062 нафар мерасад, ки онҳо дар 58 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд. Шумораи занони узви ҳизб 4611 нафар ва ҷавонон 2691 нафарро ташкил мекунад. Албатта, ин қувваи бузург аст ва бо воситаи он дар иҷрои нуктаҳои Барномаҳои созандаи ҳизб саҳми муносиб гузоштан имконпазир аст. Барномаҳои мо ин барномаҳои Ҳукумат мебошанд. Дар ин бора Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд.
Чуноне ки зикр намудем, заминаи мусоиди корӣ барои пешрафти корҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Аммо на ҳамаи комиҷроияҳо ба ин масъала эътибор медиҳанд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд то ҳол ҳамагӣ ду-се ташкилот бинои ҳизбии худро дораду халос. Аксарияти онҳо дар биноҳои иҷора қарор доранд. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ низ чунин ҳолат аст. Бовар дорем, ки бо мусоидати раисони навоҳӣ, ки ҳамзамон узви раёсати комиҷроияҳои ҲХДТ мебошанд, масъалаи сохтмони биноҳои ҳизбӣ роҳи ҳалли худро меёбад.

Усмон Солеҳ, котиби матбуотии ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: