Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иттилоия дар бораи баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Иттилоия дар бораи баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

5-12-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 542 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 4 декабри соли равон таҳти раёсати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишоти ҳизб, аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок доштанд.

Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, иброз доштанд, ки баъди Анҷумани XII ҳизб, ки дар моҳи декабри соли гузашта барпо шуда буд ва баъди баргузории интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ҷумҳурӣ ин ҷамъомади васеъ ва фарогири Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб маҳсуб меёбад, ки мо имкон дорем дар зимни он фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи баъди Анҷумани ХII ҳизб ва вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҳизбиамонро дар марҳилаи ҳозира мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳем.

Мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар дунё таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Ҷаҳонро буҳрони амиқи иқтисодӣ ва сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар гӯшаҳои мухталифи дунё, дар кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулотҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас ва роҳандозӣ намоем.

Ҳанӯз дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда будам, ки мо ҷонибдори интихоботи парламентие мебошем, ки бо роҳи алтернативӣ барпо гардад, то худи халқ тавонад намояндаи арзандаашро озодона интихоб кунад.

Дар ҳамин замина тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсонеро, ки дар интихобот иштирок мекарданд, даъват намудам, ки барои дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар барпо шудани интихоботи парлумонӣ талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд.

Ҳамин тариқ, чуноне, ки мо шоҳид гаштем, интихобот дар фазои орому осуда, ба таври шаффофу демократӣ ва озод доир гардид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали марҳилаи қонунии омодагӣ ба интихобот фаъолияти худро ба таври густурда роҳандозӣ намуда, дар ниҳоят ба пирӯзӣ расид. Зеро ки тамоми муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳуриро риоя намуда, дигар ниҳодҳои дар интихобот иштироккунандаро низ даъват намуд, ки танҳо дар доираи қонун амал намоянд. Омили муҳими пирӯзии ҳизби мо дар он буд, ки мо номзадҳои арзандаро пешбарӣ кардем.

Дар давраи интихоботи гузашта Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дод. Фаъолияти фарогири ҳизб бозгӯи он мебошад, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дорад.

Аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби мо, ки дар айни замон шумораи онҳо ба зиёда аз 350 ҳазор нафар мерасад, ҳамеша дар сафи пеши муборизони таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт мебошанд, ки чунин мавқеи устувор обрӯи онро дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз пеш афзун гардонда истодааст.

Мо дар асри пешрафту инкишофи илму технологияҳои нав қарор дорем. Насли ҷавонро бояд бо дастовардҳои навини он шинос кунем ва омӯзонем, меъёрҳои демократии бунёди ҷомеаро амалӣ гардонем, анъанаҳои миллиамонро рушди тоза бахшем. Барои таъмини зиндагии шоистаи мардум талош намоем, ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошем.

Таъсири воқеаҳои мазкур бевосита ва ё ғайримустақим ба ҳизбу гурӯҳҳои сиёсии ҷумҳурӣ ва баъзе шахсиятҳои кӯтоҳандеш мерасад. Ман ҳодисаҳои аввали моҳи сентябри соли ҷориро дар назар дорам, ки чанд нафар аз соҳибмансабони низомӣ бо ҳизби тамоюли динӣ доштаи мамлакат забон як карда, мехостанд, ки бо зӯри силоҳ авзои ҷумҳуриро ноором сохта, ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Аммо хушбахтона тирашон хок хӯрд.

Дар тамоми кишварҳои мутамаддин ва демократӣ муборизаҳои сиёсӣ ба таври осоишта, яъне аз тариқи парлумонӣ анҷом дода мешавад. Ҳизби сиёсӣ бо кору амали шоистаи худ тарафдор пайдо мекунад, барнома месозад, вакилонашро пешбарӣ мекунад ва бо гирифтани раъйи мардум ва ишғоли курсиҳои муносиб дар Маҷлис барои татбиқи ҳадафҳояш талош меварзад. Ягон давлату ҳукумат роҳ намедиҳад, ки гурӯҳе ва ё ҳизбу ҳаракате бо роҳи зӯрӣ ва силоҳ дар кишвар бесуботӣ ва нооромӣ ба вуҷуд биёрад.

Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд танҳо аз тариқи таҳияи барномаи мушаххас, нуфуз пайдо кардан дар байни мардум ва овози зарурии интихобкунандаҳоро ба даст овардан бояд барномаҳояшонро амалӣ гардонанд. Дар ин амр Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи калон пайдо кардааст. Барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронда шудаанд. Ин рисолатро мо бояд пайваста тақвият бахшем ва ҷидду ҷаҳд намоем, ки ҳизби воқеан ҳам мардумӣ бошем, хулоса намуд суханашро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Баъдан бархе аз аъзои КИМ ҳизб ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумули Бахтовар Сафаров, раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳингул Кабирзода, мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Данғара, Сайдулло Абдулҳаев, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии «НБО Роғун», Хурсанд Мирзоева, раиси ҷамоати деҳоти «Ромит»-и шаҳри Ваҳдат, Абдулло Раҳмонзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Ҷумла Худобахшова, донишҷӯи донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Тоҷибой Келдиёров, сармуҳаррири нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд «Сухани халқ» ба музокира баромада назару андешаҳои худро перомуни амалӣ кардани қарорҳои ҲХДТ ва дастуру ҳидоятҳои мақомоти олии ҳизб баён дошта, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолияти минбаъдаи ташкилоти сиёсӣ ва таҳкими обрӯву нуфузи он дар ҷомеа пешниҳодҳои мушаххасро манзур намуданд.

Дар ниҳояти Маҷлиси КИМ ҲХДТ Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони маҷлисро барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан даъват намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо қарори Маҷлисро ба овоз монд ва он аз ҷониби аъзои КИМ ҳизб якдилона пазируфта шуд.
Матни пурраи суханронии Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
©hamsafon.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: