Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳа4-08-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
![]() Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Мушаррафа Шарифова дар ҳошияи маърӯзаи раиси комиҷроияи ҳизб гуфт, ки таъмини имтиёзҳо, дастгирии ташаббусу пешниҳодҳо, фароҳам овардани шароити интихоби касбу ҳунар шумораи бештари занону ҷавононро водор сохтааст, ки ба ҳизби мо шомил гардида, барои расидан ба мақсадҳои оинномавии он саҳмгузор бошанд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, узви КИМ ҲХДТ Ҳусейн Қудратӣ изҳор дошт, ки кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии он омода аст, дар оянда низ корҳои таблиғотиро баҳри сазовор истиқбол гирифтани маъракаи бузурги сиёсӣ ва давлатӣ, бахусус 25–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр намояд. Дар тақвияти маърӯзаи раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Табибон» М. Ғиёсова, раиси ҷамоати деҳоти «Боғистон» И. Беков ва мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Б. Субҳонов андешаҳояшонро баён карданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Фирӯза Шарифӣ иброз дошт, дар марҳилаи навин яке аз вазифаҳои муҳими ташкилотҳои ҲХДТ пурзӯр гардонидани фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотӣ аст. Аз ин рӯ мо вазифадор ҳастем, байни мардум рафта, зиндаги онхоро омӯзем ва дар ҳалли мушкилоташон ёрӣ расонем, ки ин обрӯ ва нуфузи ҳизбро баланд мебардорад. ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.