Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Такмил додани корҳои таълимиву тарбиявӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

Такмил додани корҳои таълимиву тарбиявӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

21-09-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 335 нафар
Назарҳо: 0
Такмил додани корҳои таълимиву тарбиявӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян намуданд. Дар қатори масъалаҳои муҳим ба рушди соҳаи маориф ва илм, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлат эълон шудааст, диққати махсус дода шуд. Дар яке аз бахшҳои Паём Эмомалӣ Раҳмон зиддиятҳои иҷтимоиву сиёсиро дар як қатор давлатҳои Шарқи наздик, аз ҷумла қасду кӯшиши табаддулоти (моҳи сентябри соли 2015) дар Тоҷикистон ҷойдоштаро номбар намуда қайд карданд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани сулҳу субот, оромии ҷомеа, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ояндаи кишварамон аз фаъолияти омӯзгорон ва рушди доимии илму маориф вобастагии зиёд дорад. Қайд гардид, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутаммадин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Қаблан ҳам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки миллате, ки устоди асил надорад, ҳаргиз ба пешравӣ ноил намешавад. Вобаста ба эътимоду боварӣ ва дастгириҳои Пешвои миллат, падару модарон, масъулони таълиму тарбия ва аҳли ҷомеа барои аз мактаб дур намондани насли наврас саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ, забономӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Чунки бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон, рӯз аз рӯз шароити зиндагии мардуми кишвар беҳтар ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа рушд ёфта истодааст. Маҳз бо ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон тадбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва рушду ободии Ватани азизамон амалӣ гашта, боиси торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, фароҳам оварда шудани шароит барои рӯзгори орому осуда гаштааст. Ин музаффариятҳо боиси ифтихори мо – аҳли кишвар аст. Ин дастоварҳоро мо бояд таҳким бахшем ва аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва хавфнок ҳифз намоем, зеро осудаҳолӣ ва оромии кишварамон аз ҳамдастии давлату аҳли ҷомеа вобаста аст.
Имрӯзҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва омӯзгорон ин бартараф намудани падидаҳои номатлуб ва шомилгардии ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ буда, моро водор мекунад, ки таълим ва хусусан тарбияро дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна беҳтару хубтар ба роҳ монем. Оқибатҳои даҳшатноки терроризм, экстремизм ва амалҳои хавфноки ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлубро ба мухассилин фаҳмонем, дарки сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавононро бедор ва ташаккул диҳем. Албатта ташкил намудани чорабиниҳо, семинару конференсияҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои гуногуни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ва наврасон ҳаракатҳои ифротгарӣ, оқибати тамоюлҳои бегонапарастӣ, тақлид ва фарҳанги ғайр дар муассисаҳои таълимӣ аз манфиат холӣ нестанд. Бинобар ин корҳои ҳаррӯзаи таълимиву тарбиявии мо – омӯзгорон дар ин ҷода самара ва сифати назаррас доранд. Ба андешаи мо дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба силсилаи корҳои беруназдарсии созмонҳои талабагӣ, тарбияи фарҳангии ҷавонон аҳамият дода шавад. Бо ин мақсад ба аъзоёни созмонҳо шаклҳои нави гузаронидани чорабиниҳои беруназдарсӣ, аз ҷумла низоми дарки дурусти зуҳурутҳои ичтимоиву сиёсӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангшиносиву маърифатнокӣ, худэҷодиву масъулиятшиносӣ ва ташаббускориву касбомӯзиро тавсия диҳем, онҳоро ҳавасманд ва роҳандозӣ намоем. Дар ин ҷода бояд шаклҳои босамар ва муосири корбарӣ бо ҷавонон ба сатҳу низоми нав дароварда шаванд, то ки барои муҳасилин диққатҷалбкунанда, шавқовар, дастрас ва муфид бошанд. Барои босифат ва самарнок ташкил ва гузаронидани корҳои таълимиву тарбиявӣ аз ҷониби омӯзгор омилҳои зерин бояд ба эътибор гирифта шаванд ва минбаъд роҳандозӣ гарданд:
- Масъулиятшиносӣ ва қобилияти ташкилотчигии омӯзгор:
- Сатҳи омодагии омӯзгор ба машғулиятҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва беруназдарсӣ;
- Сатҳи дониши соҳавӣ;
- Сатҳи дониши психологӣ;
- Сатҳи истифодаи методҳои навин;
- Қобилияти шарҳи (ифодаи) дурусту дастрас ва саҳеҳ баён
кардани масъалаҳо дар алоқамандӣ бо ҳаёти ҷомеа;
- Қобилият ва маҳорати истифодаи технологияи муосири таълим;
- Маҳорати баёни нутқ ва ҷалби диққати муҳассилин ба мавзӯи муайян;
- Қобилият ва маҳорати татбиқи тарзу усулҳои фаъоли таълим, усулҳои махсуси идоракунӣ ва хулосабарорӣ;
- Дарки муҳит, талабот ва эҳтиёҷоти таълимиву таҳсилотии муҳассилин.
Боварӣ дорем, ки маълумотҳои ҷамъовардашуда ба ташкили корҳои беруназдарсӣ бо роҳбарии устод дар ҷараёни таълим ва тарбия ба омӯзгорон кӯмак мерасонад ва ба роҳбарӣ гирифта мешаванд.

Раҳматуллоева М.Т. –аъзои раёсати ТИ ҲХДТ дар «Маркази тарбиявӣ» омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: