Рисолати сарварӣ дар муассисаи таълимӣ25-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 334 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас таъкид карданд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Ҳамзамон афзуданд, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаю давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.Ҳангоме ки ин рисолати азим ба уҳдаи омӯзгор вогузор мешавад, пас ӯ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти босамар дар заминаи тафаккури миллӣ бо истифода аз технологияю техникаи педагогӣ, методҳои таълими инноватсионӣ ва ба ин монанд усулҳои нави таълиму тарбияро месазад, ки пайгирона дар амал татбиқ намояд.
Бо дарназардошти вазъияти феълӣ такмили дониш, тахассус ва усули роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар ин замина аз бар намудани техникаю технологияи сарварӣ василаи муҳими рафъи мушкилот дар самти беҳдошти сифати таҳсилот ва дар маҷмуъ рушди муассисаҳои таълимист. Манзур аз ин андешаҳо ин аст, ки дар замони таҳаввулот дар низоми таҳсилот, сарвари муассисаи таълимӣ бояд фарогири беҳтарин унсурҳои роҳбарӣ бошад, то ки дар муқовимат ба дигаргуниҳои куллии соҳа аз мушкилот наҳаросида, барои инкишоф ва тараққии он назари тозаю фарох дошта бошад. Пеш аз ҳама, назари банда оид ба фаъолияти омӯзгор ин аст, ки ӯ ҳанӯз аз синни хурдӣ насли ояндаро дар роҳи шинохти олами маърифат раҳнамоӣ намуда, онҳоро ба дунёи маънавӣ ошно месозад. Табиист, ки ин кори заҳматталаб аз муаллим фидокорӣ, заҳмату меҳнати сангинро талаб менамояд. Дар асоси таҷрибаи фаъолияти чандинсолаамон дар бахши маориф ва баъд аз омӯзиши васеъю баррасии масъалаи мазкур, бо дарназардошти фазои озоду муътадил, инчунин вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мо баъзе сифатҳои вижагии сарвари муассисаи таълимиро, ки мутахассисон тавсия додаанд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор медиҳем. Кадоманд ин хусусиятҳои хоси сарвар, роҳбар ва ё ба истилоҳи маъмул директори муассисаи таълимӣ? Аввалан маърифатпарвар будани роҳбари муассисаи таълимӣ салобати ӯст ва ҷои шубҳа нест, ки миллати тамаддунофарамон шахсиятҳои барӯманду мондагорро ба оламиён тақдим карда, ба ин васила тӯли ҳазорсолаҳо ғояҳои илмии офаридаашон фарҳанги оламиёнро тасхир кардааст. Биноан, роҳбари муассисаи таълимиро зарур аст, ки дар заминаи донишпарварӣ ва тафаккури миллӣ дар ҷодаи сарварӣ созандагӣ намояд. Баъдан сарварро лозим аст, ки сифатҳои худшиносӣ, худҷӯию худогоҳиро аз бар намояд, зеро маҳз чунин роҳбар ҳидоятгари насли ояндасози Ватан-Модар шуда метавонад. Шахсияти ҳушманду фаъол, набзи ҷомеаро аз дидгоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони халқ саъю талош меварзад, то ки онҳо аз падидаҳои хатарзои ҷомеаи муосир-иттиҳодҳою гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии экстремистию ифротгароӣ ҳифз шуда, дар амон бошанд. Муассисаи таълимӣ ҳамеша ба муҳити солими педагогию психологӣ ниёз дорад. Фаъолият, сатҳи муоширати ҳайати омӯзгорону хонандагон, вазъияти таълиму тарбия дар муассиса ва ғайра ба фазои педагогию психологии он зич алоқаманд аст. Ва чунин муҳит он гоҳ эҷод мешавад, ки ҳар як муаллим ва ҳар як хонанда вазифаи ҷонию имонии худ-мутолиаи васею доманадорро дар муассиса роҳандозӣ намоянд. Ташкили ҳама гуна озмунҳои фаннӣ, баргузории санаҳои муҳими таърихӣ дар шакли конференсияю маҷлисҳои илмӣ, ба роҳ мондани робитаи манфиатбахши тарафайн миёни ҳайати омӯзгорону волидайни хонандагон ва ғайра ҷузъиётеанд, ки барои эҷоди муҳити солим бе муҳобот манфиатбахшанд. Эҷоди чунин муҳит низ яке аз вазифаҳои сарвар аст. Маълум аст, ки дар олами таҳсилот бо талаботи шарту шароитҳои навин дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, ин раванд муттасил идома дорад. Аз ҳамин сабаб, сарвари муассисаи таълимӣ дар ин ҷода бояд пешсаф бошад. Навоварӣ сифати дигари муҳим ба шумор меравад. Роҳбарро лозим аст, ки аз навгониҳо илҳом гирифта, дар заминаи навовариҳои илмию методӣ ва таълимию тарбиявӣ мутобиқ ба шароити муассиса онҳоро татбиқ намояд. Ҷасорат дар ҳалли масоили мубрами таълимӣ, тарбивӣ ва ғайра барои сарвар хеле ҳам манфиатбахш аст, хоса ҳангоме, ки фикру ақидаи ҳайати омӯзгорон ба инобат гирифта мешавад, яъне ин сифат имкон фароҳам меорад,ки муассиса аз вазъи сарбаста раҳо ёбад. Мавзӯи мавриди назар талабгори баҳсу мунозираҳои зиёд аст, аммо мо мухтасар чанд андешаеро баён фармудем, ки татбиқи онҳо вазъияти мавҷударо дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудӣ мебахшад. Бо итминон ба ин боварем, ки мулоҳизаҳои ба хотиррасондашуда ҳанӯз ифодакунандаи рисолати пурраи сарвари муассисаи таълимӣ набуда, вобаста ба тақозои шароити иқтисодию молиявӣ ӯ бояд дар баробари педагоги асил будан аз асосҳои илми менеҷмент бархӯрдор бошад, то ки самти фаъолияти моливу пулиро тибқи қонуну муқаррароти ҷорӣ ба роҳ монад. Хоналӣ Қурбонзода, ректори ДҶТИБКСМ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.